Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи шаҳри Ғулғула дар сояҳои таърихи Бомиён. ВИДЕО


Дар Афғонистон дар сояи Буддо "Ғулғула" - ро меҷӯянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Гуруҳи муштараки бостоншиносони афғон ва Фаронса дар садади пайдо кардани шаҳре ҳастанд, ки ба бовари онҳо Ғулғула ном дошт ва дар вилояти қадимии Бомиён ҷойгир будааст. Онҳо умед доранд, далелҳоеро пайдо мекунанд, ки шаҳри Ғулғула як замоне маркази тиҷоратӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ будааст.

Ин кор ба мо имкон медиҳад, ки сояҳои таърихи худро омӯзем ва аз он парда бардорем.

Гуруҳи бостоншиносон се сол боз дар Бомиён аломатҳои мавҷудияти шаҳри Ғулғуларо меҷӯянд, ки замоне зери сояи буддоҳои вайроншуда қарор доштааст.

Бостоншинос Жулио Бендезу Сармиенто мегӯяд, “ҳадафи мо маълум кардани он аст, ки дар инҷо киҳо, кай ва чӣ гуна мезистанд.”

Ҳафриётро Жулио Бендезу Сармиенто бостоншиноси шинохта бо гуруҳаш раҳбарӣ мекунад. Пули онро ҳукумати Итолиё медиҳад ва ЮНЕСКО тарҳро назорат мекунад. Ба қавли Сармиент, бозёфтҳои аввалӣ аломати он аст, ки Ғулғула як замон маркази тиҷоратӣ дар минтақа будааст.

Жулио Бендезу Сармиенто гуфт, “мо медонем, мардум аз ҳамаҷо ба инҷо меомаданд. Аз Балху Осиёи Марказиву Ҷанубӣ, Ҳинду Чин. Инҷо як маркази калоне буд. Роҳи асосие буд, ки аз шимол ба ҷануб мерафт.”

Бозёфтҳои иловагӣ баёнгари он будааст, ки Ғулғула аз асри 6 то асри 12-13 шаҳри шукуфоне буд.

Ҳерв Монхот, бостоншиноси фаронсавӣ гуфт, “албатта, таърихи исломиашро медонем. Шояд қадимтар аз замони Кушониён ваё Сосониён будааст. Мо ҳафриётро дар ҳамин самт мебарем.”

Ба гуруҳи фаронсавӣ 5 бостоншиноси афғон аз Вазорати фарҳанг ва 20 донишҷӯ кумак мерасонанд. Абдулхолид Хуршед, бостоншиноси афғон мегӯяд, “пас аз онки нақшаи ҳафриётии мо дар ин самт анҷом ёбад, бунёди сохтмониро шуруъ мекунем. Ин кор ба мо имкон медиҳад, ки сояҳои таърихи худро омӯзем ва аз он парда бардорем.”

Ҳамроҳ бо ҳафриёт дар инҷо мехоҳанд, дар наздикиаш боғи тафреҳӣ бунёд кунанд ва шоҳроҳе бисозанд, ки шаҳрҳои наздик ба Бомиён бипайвандад ва саёҳатро дар инҷо равнақ диҳад.

XS
SM
MD
LG