Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи конҳои азими маъдан дар Афғонистон


Afghanistan -- An Afghan villager (C) looks through binoculars at the mountains where an Afghan Pamir Airways plane is believed to have crashed in the Salang pass, north of Kabul, 17May2010
Afghanistan -- An Afghan villager (C) looks through binoculars at the mountains where an Afghan Pamir Airways plane is believed to have crashed in the Salang pass, north of Kabul, 17May2010

Геологҳои амрикоӣ мегӯянд, Афғонистон назар бо он чӣ ки тассавур мешуд, маъданҳои зиёди табиӣ дорад. Ба гуфтаи онҳо, ин захоири табиӣ ба шумули мис, оҳан, тилло ва литиум ба ҳадде дар Афғонистон зиёд аст, ки метавонад, ин кишварро ба як содиркунандаи муҳими захоири табиӣ мубаддал кунад.

Мақомоти Афғонистон умедворанд, арзёбии тоза аз захоири табиӣ метавонад, сели сармояи хориҷӣ ба ин кишварро ҷорӣ кунад ва иқтисоди нимҷони кишварро дигаргун кунад.

Сарзамини тилло ва литиум


Таҳқиқи нави фазоии Афғонистон нишон додааст, ки ин кишвар назар ба тахминҳои пештара миқдори бузурги маъданҳои табиӣ дорад. Мақомоти Амрико мегӯянд, арзиши захираҳои оҳану тилло, сангҳои нимагаронбаҳо ва металли пурхаридори литиум бештар аз як триллион доллар аст. Ба гуфтаи мақомоти афғону амрикоӣ дар сурати истихроҷи ин манобеъ, иқтисоди Афғонистон ба таври бунёдӣ дигаргун шуда ва метавонад, ба кишту қочоқи маводи мухаддир, сутуни аслии иқтисодии Афғонистон хотима диҳад.

Воҳидуллоҳ Шаҳронӣ, вазири маъдани Афғонистон, умедвор аст, ки бо сармоягузории дурусти хориҷӣ, кишвараш дар ниҳоят ба яке аз таъминкунандагони аслии маъодинӣ табиӣ дар ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Рӯзномаи амрикоии “Ню Йорк Таймс” мегӯяд, нусхаи як ёддошти вазорати дифоъи Амрикоро ба даст овардааст, ки дар он омадааст, “Афғонистон метавонад ба Арабистони Саудии литий ва литиум” табдил шавад, ки он металли пурхаридор як таркиби аслии батареяҳои телефони ҳамроҳ ва лаптоп аст.

Дейвид Петреус, генерали амрикоӣ ва фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ба “Нюй Йорк Таймс” гуфтааст, таҳқиқоти нав, “имконоти ҳайратовари” рушди Афғонистонро ошкор кардааст. Аммо барои истифодаи ин имконот роҳи дарозе дар пеш аст, зеро агар Афғонистон ором ҳам мебуд, зербунёдҳои зиёде лозим медошт, то истихроҷи маъданҳои табииро ба таври муносиб ба роҳ монад.

Мушкили набуди зербунёдҳо

Роҳҳои оҳан ва роҳҳои маъмулии зиёде лозим аст, то дастрасӣ ба захираҳои табиии Афғонситон ва интиқоли онҳо ба бозорҳои ҷаҳониро имконпазир кунад. Дигар ин ки барои истихроҷи маъдан нерӯи фавқуллода зиёди барқ лозим аст, чизе ки ҳоло Афғонистон кам дорад. Яъне лозим аст, то дар маҳаллҳои наздик ба захираҳои табиӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ сохта шавад.

Таҳқиқи муқаддамотии Пажӯҳишгоҳи Геологии Амрико дар соли 2007 буд, ки эҳтимоли вуҷуди захираҳои фаровони табиӣ дар Афғонистонро ошкор кард. Дар он пажӯҳиш, захираҳои оҳан ва мис дар Афғонистон қобили таваҷҷӯҳ ва барои истихроҷ мувофиқ хонда шудааст. Стивен Питерс, аз Пажӯҳишгоҳи Геологии Амрико ҷузъиёти таҳқиқи муқаддамотиро чунин шарҳ дод.

Дар Афғонистон захираҳои қобили таваҷҷӯҳи оҳан, мис ва тилло ҳаст ва ҳам имкони вуҷуди манобеъи ошконашудаи ин фуллузот низ. Дар онҷо захираҳои маълум ва номаълуми кобалт, хром, нуқра, барит, сулфур, талк, магний, намак, санги мармар, симоб, сурма, қалъагӣ, боксит, флюорит, бериллий ва литий низ вуҷуд дорад.

Захираҳои маълум ва эҳтимолии маъодини табиӣ дар тамоми вилоятҳои Афғонистон паҳн шудааст. Бузургтарин захираҳои мис дар Кобул, Лугар, Қандаҳор, Зобул ва Ҳирот вуҷуд дорад. Захираҳои оҳани олидараҷа дар вилоятҳои Бомиён ва Бағлон воқеъ шудааст. Захираҳои маъодини санъатӣ дар шимоли Афғонистон, Кобул, Бағлон ва вилояти Қундуз ҳаст. Аз онки маъданҳои табиии мазкур дар саросари кишвар ҷой гирифтаанд, мардуми тамоми манотиқ ва вилоятҳои Афғонистон манфиати онро хоҳанд дид.

Таваҷҷӯҳи Чин ба конҳои маъдани Афғонистон

Бо гузашти ним сол аз пажӯҳиши муқаддамотии геологҳои Амрико, ду ширкати бузурги Чин дар озмуни байналмилалӣ, қарордоди истихроҷи кони бузурги миси Айнак дар вилояти Лугарро соҳиб шуданд. Онҳо ҳамчунин тааҳуд додаанд, ки як роҳи оҳане хоҳанд сохт, ки кишварҳои Осиёи Марказиро аз тариқи Афғонистон ба шаҳри бандарии Карочии Покистон васл хоҳад кард.

Дигар аз ваъдаи ширкатҳои азими санъатии чинӣ, бунёди нерӯгоҳи барқие аст, ки бо тавлиди нерӯи барқи лозим барои истихроҷи маъдан, ҳамчунин мардуми маҳаллиро бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард. Мақомоти Афғонистон умедворанд, ки ширкатҳои эҳтимолии талабгори истихроҷи маъодин ҳамингуна дар сохтмони зербунёдҳои Афғонистон саҳм хоҳанд гирифт.

Аммо ин нигаронӣ ҳам вуҷуд дорад, ки захираҳои фаровони табии ба тозагӣ ошкоршуда дар Афғонистон, ноамниро дар кишвар бештар хоҳад кард, зеро Толибон ва ҷангсолорони кишвар ҷангро барои таҳти назорат гирифтани қаламравҳои дорои захираҳои табиӣ бо ҳам бештар хоҳанд ҷангид.
XS
SM
MD
LG