Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт аз Русия. Бо ҳавопаймо фоидаовар ё бо мусофирбар? ВИДЕО


Гурӯҳи 47-нафарии муҳоҷирини тоҷик бори аввал мустақим аз Русия бо автобусҳои ширкати "Asian Express" ба Тоҷикистон баргаштанд. Рӯзи 21-уми октябр муҳоҷирони мусофирро дар "Автовокзал"-и Душанбе наздикону дӯстон пешвоз гирифтанд.

Барои муҳоҷири кории тоҷик, ки бо сад азият дар ғарибӣ пул дармеёбад, қимати роҳкирои сафар ба Русия хеле муҳим аст.

Шарофиддин Саъдуллоев, муҳоҷири тоҷик, рӯзи 22-юми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "нархи билети ҳавопаймо ҳозир 27 ҳазор рубли русӣ аст. Тариқи автобус мо бо 7 ҳазору 500 рубли русӣ ба ин ҷо сафар кардем. Беҳад арзон аст, ягон камбуд нест."

Мусофирон роҳи 5 ҳазору 200-километриро аз шаҳри Иркутск то Душанбе дар чаҳор шабонарӯз пушти сар карданд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд роҳ тӯлонӣ буд, бинобар шароити хуби мусофирбар, чандон азият накашиданд ва зиёд хаста ҳам нашуданд.

Хусрав Мирзоев, муҳоҷири тоҷик гуфт, "аз ин тараф то Хуҷанд рафтем ва аз онҷо то сарҳади Узбакистон бо мусофирбарҳои хурд бурданд. Аз Узбекистон бо нақлиёти дигар то Қазоқистон бурданд.

Баъд аз Қазоқистон бо автобус ҳамин хел ҳафт рӯз рафтем."

-То куҷо?

-То шаҳри Красноярск.

-Ҳозир чӣ?

Ҳозир аз ҳамон Красноярск дар муддати 3 шабонарӯз омадем.

Қаблан мусофирбарҳои ширкати "Asian Express” иҷозаи хориҷ шудан аз марзи Тоҷикистонро надошт ва мусофиронеро, ки ба шаҳрҳои Русия сафар мекарданд, бо автобусҳои худ то марзи Узбакистон мерасонданд."

Бозгашти муҳоҷирони тоҷик. Ҳавопаймо хуб аст, ё автобус?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Қаблан мусофирон шикоят мекарданд, ки баъдан дарди сару азияташон берун аз марзи Тоҷикистон то расидан ба нуқтаи ниҳоӣ дар шаҳрҳои Русия шурӯъ мешуд. Аз шароити бади автобусҳои кӯҳна шиква доштанд, ки дар ҳавои зимистон сарду дар тобистон мисли гармхона буд ва баъзан вақт чанд рӯзро барои таъмири автобус дар роҳ мегузаронданд.

Сайраҳмон Раҳмонов, муҳоҷири корӣ аз ноҳияи Нуробод гуфт, "аз Қазоқистон ба Русия мерафтем ва аз Бишкек ба Красноярск, аз онҷо ба қатора рафтем, камтар азоб буд, ҳозир автобус мустақим аз ҳамон ҷо меояд."

Сафари нахустини мустақими автобусҳои ширкати "Asian Express" аз Душанбе ба шаҳрҳои Маскав ва Иркутски Русия рӯзи 8-уми октябри соли ҷорӣ шуруъ шуд. Масъулони ширкат гуфтанд, ҳарчанд сафарҳо дар ҳоли ҳозир чандон фоидаовар нест, аммо барои ба таври мунтазам ва ба мақоми хатсайри расмӣ шинохтани сафарҳои мустақим ба Русия ин хатсайрҳоро боз кардаанд.

Ғулом Нуров, ронандаи автобуси хатсайри Иркутск-Душанбе гуфт, "аз ин тараф мо ҳамагӣ 17 мусофир доштем. Ана аз он тараф 47 нафар. Дар як хел марз вақти моро беҳад зиёд гирифтанд. Сабаб доштанд. Албатта, ин ҷои гуфтанаш ҳам нест. Ин сабабҳо оҳиста-оҳиста аз байн меравад. Аввалин маротиба, ки буд, барои ҳамин вақти мора камтар гирифтанд".

Ҳамасола ҳудуди 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунад. Бахши аъзами онҳо бо қатора ва ҳавопаймо сафар мекунанд. Аммо ҳар сол дар баҳору тирамоҳ авҷи сафар ва бозгашт қимати билети ҳавопаймо гарон мешавад. Барои муҳоҷири кории тоҷик, ки бо сад азият дар ғарибӣ пул дармеёбад, қимати роҳкирои сафар ба Русия хеле муҳим аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG