Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон рӯзи сешанбе натиҷаи таҳқиқот дар бораи марги Хошуқҷиро эълон мекунад


Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ марги рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати он кишвар Ҷамол Хошуқҷиро "қатл” номида, аммо мегӯяд, афроде, ки дар ин ҳодиса доранд, ба валиаҳд наздик набуданд ва "ин як амалиёти худсарона буд". Дар ҳамин ҳол, президенти Туркия мегӯяд, ки рӯзи сешанбе натиҷаи таҳқиқоти қатли ин рӯзноманигор дар Истанбулро нашр мекунад.

Рӯзи шанбе Бритониё, Фаронса ва Олмон баёнияи муштараке дар мавриди қатли ин рӯзноманигор нашр карда ва гуфтанд, рӯшан шудани ончи дақиқан рух додааст, зарурӣ мебошад.

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзи 2-юми октябр пас аз ворид шудан ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд. Мақомҳои Туркия дар пай аз "шиканҷа", "қатл" ва "тикка тикка кардан"-и ҷасади ӯ дар дохили консулгарӣ хабар доданд.

Арабистони Саудӣ то ду ҳафта пас аз ин ҳодиса мегуфт, ки Ҷамол Хошуқҷӣ пас аз ворид шудан, консулагариро тарк кардааст. Рӯзи шанбеи 20-уми октябр Арабистони Саудӣ ба таври расмӣ эълон кард, ки ин рӯзноманигор дар ҷараёни "даргирӣ" дар консулгарӣ даргузаштааст. Изҳороте, ки бо вокунишҳои васеи байналмилалӣ рӯбарӯ шуд ва кам касоне ба он бовар карданд.

"Ин як иштибоҳи ваҳшатнок аст"

Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ рӯз якшанбеи 21-уми октябр дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии "Fox News" гуфт, Хошуқҷӣ ба қатл расидааст. "Ин як иштибоҳи ваҳшатнок аст. Ин як фоҷеаи ваҳшатнок каст. Бо онҳо (хонаводаи Хошуқҷӣ) ибрози ҳамдардӣ мекунем. Дард ва ранҷи онҳоро дарк мекунем."

Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ
Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ

Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ афзудааст, "афроде, ки дар ин қазия даст доранд, наздик ба валиаҳд набуданд. Шояд бахше аз нерӯҳои амниятии атрофи ӯ буданд. Инки афроде дар тасвир (дар дурбинҳои мадорбаста дар Туркия) бошанд, ба маънои ин нест, ки онҳо асосан ба ӯ (Муҳамаммад бин Салмон) наздик ҳастанд. Ин як амалиёти худсарона аст". Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ айни ҳол аз сарнавишти ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ ибрози бехабарӣ кард.

Ҳамзамон бо ин мусоҳиба, раиси ҷумҳурихоҳи Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенати Амрико ба шабакаи хабарии CNN гуфтааст, ба эътиқоди вай, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ даст доштааст. "Ақидаи ман ин аст, ки Муҳаммад бин Салмон дар ин қазия даст дошта, онро раҳбарӣ кардааст."

Аз ин қабл, шуморе аз сенаторҳои дигари ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико низ Муҳаммад бин Салмонро ба даст доштан дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ муттаҳам карда буданд.

Гуфтугӯи телефонии Эрдуғон ва Трамп

Дафтари раёсати ҷумҳури Туркия рӯзи якшанбе эълом кард, Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико зимни гуфтугӯи телефонӣ таъкид кардаанд, ки ҷараёни кушта шудани Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ бояд ба таври комил ва мушаххас фош шавад. Тибқи баёнияе, ки дафтари оқои Эрдуғон мунташир кард, руасои ҷумҳури ду кишвар "тавофуқ кардаанд, ки парвандаи Хошуқҷӣ бояд бо ҳама паҳлӯҳои он рӯшан шавад."

Чанд соат пеш аз интишори ин баёния, раиси ҷумҳури Туркия эълон карда буд, ки Анқара рӯзи сешанбеи 23-юми октябр ҷузъияти таҳқиқот дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷиро нашр мекунад. "Мо дар пайи иҷрои адолат дар ин парванда ҳастем ва ҳамаи ҳақиқатҳо фош хоҳад шуд. На фақат аз тариқи бардоштани қадамҳои маъмулӣ, балки ҳама ҳақиқат мушаххас хоҳад шуд."

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо "Вашингтон пост", ки шаби шанбе нашр шуд, дар бораи тавзеҳоти Арабистони Саудӣ дар мавриди рӯзноманигори кушташуда гуфт, "дақиқ аст, ки фиребкорӣ шуда ва дурӯғ гуфта шудааст". Ин изҳорот "сахттарин" суханони раиси ҷумҳури Амрико дар робита ба моҷарои қатли Хошуҷӣ дониста мешавад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, аз инки Арабистони Саудӣ марги Ҷамол Хошуқҷиро таъйид кард, як пешрафти хуб аст, вале ончи бо Хошуқҷӣ рух додааст, "қобили қабул нест". Рӯзи шанбе Бритониё, Фаронса ва Олмон низ баёнияи муштараке дар мавриди қатли ин рӯзноманигор нашр карда ва гуфтанд, рӯшан шудани ончи дақиқан рух додааст, зарурӣ мебошад."

XS
SM
MD
LG