Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тенгрӣ – роҳи дигари расидан ба сӯи Худо?


Акс аз ҷашнвораи Тенгрӣ дар Қазоқистон

Фарогир шудани Ислом дар Осиёи Марказӣ ба комилан аз байн рафтани боварҳои суннатӣ ва қадимӣ сабаб нашуд. Тақрибан дар тамоми кишварҳои минтақа то замони мо анъанаҳои муайян ва фарҳангҳои гуногуне ҳифз шудаанд, ки баъди ҳазорон сол солим бадар омадаанд ва ҳамчунин бовар ва алоқа ба худро аз даст надодаанд.

Тенгриизм ё фирқаи худои кайҳонӣ – Тенгри аз шумули боварҳоест, ки реша дар ҳазораҳои 4-5-и то мелод дорад. Фирқаи Тенгри барои кӯчиҳои туркию муғулӣ, ки то пазируфтани буддоӣ, насроният ва Ислом эътиқодманди он буданд, дар ҳоли ҳозир ҳам алоқамандии хеле аз намояндаҳои тамаддуни кӯчиҳо, аз ҷумла қисми муайяни қирғизҳои бумиро ба худ ҷалб кардааст.

“Тенгриизм фалсафаи зиндагист. Дар ин бовар ҷойе мисли масҷид, калисо ва канисо барои ибодат вуҷуд надорад. Ҳамчунин китобҳои диние мисли Таврот, Инҷил ва Қуръон ҳам надорад. Дар ин бовар гуфта мешавад, ки мо инсонҳо низ мисли рӯд, дарахт қишри баробари як занҷираем ва ҳақ надорем ба худмеҳварии худ бинозем ва ҷангалро хароб кунему хона бисозем, агар барои ин зарурати бисёр шадид набошад. Ту ба муҳити атроф бояд ба шевае муносибат бикунӣ, ки мехоҳӣ ба ту ҳамон гуна муносибат шавад”, - мегӯяд пайрави дидгоҳҳои тенгриизм аз Бишкек Сумсарбек Оббо Мамиралӣ.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ӯ бархоста аз як хонаводаи муқаррарии Шӯравист, ки ба таври суннатӣ худро мусалмон медонад, вале рукнҳои муҳими дини исломро риоят намекунад. Баъди иқомати ҳаштсола дар Аврупо ва таҷриба кардани буҳрони ҳувиятӣ ба ғояҳои тенгриизм шавқ пайдо кард. Ҳоло Сумсарбек атеисти мутлақест. Ӯ ба тенгриизм ҳамчун ба як ҷаҳонбинии фалсафие менигарад, ки метавонад инсонро барои даст ёфтан ба ҳамоҳангӣ бо худии худ ва муҳити атроф кумак намояд.

Тақрибан чунин тафсирро Шаршеналӣ Кабатегин, фаъоли иттиҳодияи ҷамъиятии “Академияи вижагиҳои зотии мардуми Қирғизистон” (“Кыргыз эл касиети академиясы”) низ ҷонибдорӣ мекунад.

“Усулҳои асосии мо дар анъанаҳои мардуми кӯчӣ нуҳуфта аст, яъне дар муносибатҳои байниҳамдигарии зану мард дар фарҳанги мо. Ҳамаи ин ба ҳам омаданро мо “Тинирчилик” меномем”, - мегӯяд фаъоли иҷтимоӣ Шаршеналӣ.

Талош барои эътироф шудан

Дар ҳамин ҳол, бо фарқ аз Сумсарбек, ӯ ва ҳамақидаҳояш 10 сол мешавад, ки барои эътироф шудани тенгриизм ҳамчун динӣ расмӣ дар Қирғизистон мубориза мебаранд. Талошҳои навбатии ин фаъолон 13-уми октябр дар нишасти матбуотияшон дар шаҳри Бишкек бозгӯйӣ шуд. Бо ин ҳама онҳо то кунун ба ин ҳадафи худ ноил нашудаанд.

Ба ҷуз эътирофи Худои ғайришахс дар симои Тенгри, пайравони ин ҷараён ба фирқаи модари табиат (Умайэне), имон ба нерӯи зиндагӣ (кут) ва эҳтиром ба насли гузаштагон, ки метавонанд ба ёрии боқимондаҳо биёянд (онгон), бовар доранд.

Тенгригаройҳои Қирғизистон суннатҳои худро дар парастиши ашёи гуногуни табиат ба намоиш мегузоранд. Барои намуна, аксари вақт мешавад буттаҳои табиӣ, порчаҳои матоъҳои овезоншударо мушоҳида кард, ки рамзи дархост аз қудратҳои илоҳӣ барои эҳдои саломатӣ, ҳимоя аз бемориву дарду ранҷ ва таманнои муваффақият аст.

Фаъоли иҷтимоӣ Шаршеналӣ шумораи дақиқи пайравони тенгриизмро намедонад, зеро ин барои онҳо бисёр муҳим нест. Ба андешаи ӯ тенгриизми қирғизҳо дар хунашон аст. Ҳар касеро, ки гузаштагони ҳафт пушти худро бо номҳояшон медонад, “мешавад тенгригарой номид”.

Ӯ муътақид аст, ки ба таври расмӣ номнавис шудани тенгриизм дар Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон, барои вай ва ҳамбоваронаш имкон фароҳам мекунад, ки худро аз таҳдиду фишорҳое, ки болои онҳо ҳаст ба таври қонунӣ ҳимоя кунанд.

Таҳаммул дар баробарӣ тенгригаройҳо

Мудири пешини Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон Орозбек Молдалиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бархӯрд бо тенгригаройҳоро дар миёни мардум, дар маҷмуъ, ба истиснои чанд ҳолат, мешавад таҳаммулгароёна баҳогузорӣ кард.

“Дар Талас ҳолате буд як имоми маҳаллӣ гуфт, ки ин дин нест ва бархоста аз ин миёни онҳо муноқиша сар зад, аммо ҳеч таъқиб ва ё озору азияте дар баробари онҳо вуҷуд надорад”, - мегӯяд ин коршинос.

Ба гуфти Молдалиев, баъзе аз тенгригаройҳо дар навбати худ гоҳе мусалмонҳоро таҳқир ва ба “парастиши дини арабҳо” муттаҳам мекунанд.

Вомондаи фаҳмишҳои кӯҳна

Рискул Жолдошев, таърихдони қирғиз ҳам таъйид мекунад, ки дар марҳилаи ҳозир намешавад тенгриизмро ба сифтаи як дин эътироф кард. Зеро ба ҷуз надоштани унсурҳои дин, ҳамчунин ин ҷараён тақрибан пайрав надорад.

“Ман шумораи дақиқи онҳоро намедонам, вале бовар дорам, ки агар онҳоеро, ки манфиатдоранд ҳисоб накунем, амалан каси дигаре боқӣ намемонад”, - изҳор медорад ин таърихдон.

Дар маҷмуъ ин таърихдон дар дидгоҳҳои тенгриизм вомондаи фаҳмишҳои куҳнаро мебинад ва бар ин назар аст, ки онҳо маҳкум ба нобудшавиянд.

Бар асоси маълумоти Маркази тадқиқоти ҳаводиси диннӣ дар қаламрави Қирғизистон ба таври расмӣ 3 ҳазор ташкилоти диннӣ, аз қабили масҷид, мадраса, калисоҳо номнавис шудаанду амал менамоянд. Фаъолияти 21 ташкилоти экстремистию террористӣ мамнуъ эълон шудааст.

Таркиби аҳолии диндори Қирғизистонро мусулмонҳо (82,7%), масеҳиҳо (16 %), ҳамчунин гуруҳҳои сершумори баҳоиҳо, яҳудиён ва буддоиҳо ташкил медиҳаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG