Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ марги Хошуқҷиро дар бинои консулгарӣ тасдиқ кард


Арабистони Саудӣ пас аз ду ҳафтаи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди сиёсатҳои Риёз, эълон кард, ки ӯ ба дунболи "даргирии хушунатомез" дар бинои консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбул кушта шудааст. Бар асоси гузориши телевизони давлатии Арабистони Саудӣ дар рӯзи 19-уми октябр, то кунун дар иртибот бо ин ҳодиса 18 нафар дастгир шуда ва таҳти бозҷӯӣ ҳастанд.

Ин гузориш мегӯяд, ки генерал Аҳмад Асирӣ, муовини раиси Хадамоти иктишофии Арабистони Саудӣ ва чаҳор нафари дигар аз мақомоти баландпояи амниятӣ низ аз кор ихроҷ шудаанд. Аммо шарҳ дода нашудааст, ки онҳо дар қатли Хошуқҷӣ чӣ нақш доштанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзи 2-юми октябри имсол "гум шуд". Ӯ ҳамон рӯз ба бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истанбул ворид гардид ва дигар берун наомад. Мақомоти Туркия қаблан гуфта буданд, ки Хошуқҷӣ дар дохили бинои консулгарӣ кушта шудааст.

Арабистони Саудӣ борҳо марги Ҷамол Хошуқҷиро инкор карда буд. Рӯзи шанбе ҳукумати ин кишвар дар иттилоияи расмӣ қатли Хошуқҷиро дар бинои консулгарӣ тасдиқ намуд ва гуфт, "ҳукумати Арабистон ниҳоят таассуфи худро аз иттифоқи дардноке, ки рух додааст, эълон мекунад."

Бар асоси ин иттилоия, Хошуқҷӣ пас аз ворид шудан ба бинои консулгарӣ дар Истанбул баҳсу даргирӣ карда ва ин амр боис ба маргаш шудааст.

Арабистони Саудӣ кумисюнеро масъули таҳқиқ дар бораи ин парванда кардааст, ки як моҳ фурсат дорад гузориши худро омода кунад. Ин кумисюни муташаккил аз мақомоти амнияти миллӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва вазири умури дохилии Арабистони Саудӣ аст.

Як рӯз пештар гузоришҳое нашр шуд, ки Малик Салмон, подшоҳи Арабистон дар пайи амиқтар шудани ин буҳрон ба қазия дахолат кардааст. Ин гузориш мегуфт, ки подшоҳи Арабистон боэътимодтарин мушовири худро ба Туркия фиристодааст, то бо мақомоти он кишвар дар бораи қазияи Хошуқҷӣ суҳбат кунад.

Рӯзи панҷшанбе Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфта буд, ки бовар дорад Хошуқҷӣ зоҳиран кушта шуда ва агар мушаххас шавад, ки Арабистони Саудӣ пушти ин ҳодиса аст, паёмади сангине барояш хоҳад дошт. Вашингтон ҳукумати Арабистонро муттаҳиди аслии худ дар Ховари Миёна медонад ва аз ин рӯ Трамп дар маъмурияти изтирорӣ барои таҳқиқ дар бораи ин парванда Майк Помпео, вазири корҳои хориҷиро ба Арабистону Туркия фиристод.

Хошуқчӣ аз Арабистони Саудӣ фирор ва иҷозаи истиқомат дар Амрикоро пайдо карда буд. Вай бо нашрияи The Washington Post ҳамкорӣ дошт ва дар навиштаҳояш сиёсатҳои кунунии Риёзро танқид мекард.

Тибқи гузоришҳо, ин рӯзноманигор рӯзи 2-юми октябри имсол дар бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд. Ҳамон тавр, ки номзади ин шаҳрванди Арабистони Саудӣ гуфтааст, Ҷамол Хошуқҷӣ барои дарёфти як санади расмии сабти талоқ ва дар натиҷа гирифтани иҷозатнома барои издивоҷи дигарбора, вориди бинои консулгарии Арабистони Саудӣ шуда буд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, мушовири пешини ҳукумати Арабистони Саудӣ, пас аз интиқодҳояш аз сиёсатҳои Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ҷавони ин кишвар, нигарон буд, ки боздошт мешавад ва соли гузашта ба Амрико рафт.

XS
SM
MD
LG