Шабакаи телевизионии CNN эълон кард, Арабистони Саудӣ омода мешавад, то эълом кунад, ки Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, дар ҷараёни бозҷӯӣ дар консулгарии ин кишвар дар Истанбул кушта шудааст. Ин шабака ба нақл аз манбаъҳои худ, ки номашон фош нашудааст, гузориш дод, мақомҳои Арабистони Саудӣ хоҳанд гуфт, ки марги вай дар ҷараёни бозҷӯӣ ва тафтиш, "иштибоҳӣ" рух додааст.
Ҳукумати Арабистони Саудӣ дар рӯзҳои гузашта шадидан даст доштан дар нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷиро рад карда ва таъкид намуда буд, ки вай аз консулгарӣ хориҷ шудааст.
Дар сурате, ки ин хабар таъйид шавад, эҳтимол меравад, ки оқои Хошуқҷӣ бар асари шиканҷа кушта шудааст. Аз тарафи дигар, ҳанӯз маълум нест ба ҷасади ӯ чӣ рух додааст ва он дар куҷо қарор дорад.
CNN гуфтааст, яке аз манбаъҳо хеле эҳтиёткорона эълом кард, ки ин гузориш дар ҳоли омода шудан аст ва мумкин аст тағйир кунад. Манбаи дигар гуфтааст, гузориши ёдшуда эҳтимолан ин тавр натиҷагирӣ мекунад, ки амалиёт алайҳи Хошуқҷӣ бидуни иҷозат сурат гирифтааст ва афроде, ки дар он даст доранд, муҷозот хоҳанд шуд.
Ҳар ҳамин росто, рӯзномаи "Ню-Йорк таймз" низ ба нақл аз манбаъҳои огоҳ гузориш дод, Арабистони Саудӣ дар садад аст, то эълом кунад, ки Ҷамол Хошуқҷӣ ҳангоми бозҷӯӣ ҷон бохтааст. "Ню-Йорк таймз" изофа кардааст, ки додгоҳи Арабистони Саудӣ ба зудӣ дар ин бора баёнияе содир хоҳад кард.
Чанд соат қабл, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфта буд, пас аз тамоси телефонӣ бо Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ, ин тавр ба назар мерасад, ки нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ бояд кори "қотилони худсар" бошад.
Дар рӯзи нахусти нопадид шудани ин рӯзноманигори муқими Амрико ва хабарнигори "Вашингтон пост" дар консулгарии Арабистони Саудӣ, 15 корманди амнияти он кишвар аз Риёз ба Истанбул парвоз карда ва вориди консулгарӣ шуданд.
Бар пояи навори видеоие, ки пулиси Туркия нашр кард, ин афрод, чанд соат баъд савори чанд мошин консулгариро тарк мекунанд. Гузориш шудааст, ки онҳо сипас савори ҳавопаймоҳои махсус аз Туркия ба Қоҳира -- пойтахти Миср ва Риёз парвоз мекунанд.
Ҳукумати Арабистони Саудӣ дар рӯзҳои гузашта шадидан даст доштан дар нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷиро рад карда ва таъкид намуда буд, ки вай аз консулгарӣ хориҷ шудааст.
Бозрасӣ аз консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул
Ин таҳаввул чанд соат баъд аз он рух медиҳад, ки тими бозрасон, ки мақомҳои Туркия онро "Гурӯҳи таҳқиқотии муштарак" номидаанд, баъд аз зуҳри душанбеи 15-уми октябр вориди бинои консулгарии Арабистони дар Истанбул шуданд ва ба бозрасии он пардохтанд.
Ҳеҷ яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳозир нашуданд ба пурсишҳои хабарнигороне, ки аз чанд рӯз ба ин тараф дар назди бинои консулгарӣ ҳузур доранд, посух диҳанд. Чанд соат пеш аз ворид шудани тими бозрасӣ ба консулгарӣ, хабаргузориҳо ва шабакаҳои телевизионӣ наворҳое аз ворид шудани ду нафар ҳамроҳ бо васоили покккорӣ ва назофат, ба дохили консулгариро, мунташир карданд.
Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" бо ишора ба ин аксу наворҳо навиштааст, "равшан нест, ки агар нишонаҳое ҳам дар дохили консулгарӣ будаааст, чигуна метавонад пас аз наздик ба ду ҳафта боқӣ монда бошад",
Пас аз ворид шудани тими таҳқиқотӣ ба дохили консулгарӣ, кормандони пулис бо насби навишаҷоти нав, хабарнигоронро ақибтар аз маҳали маъмули онҳо ҷой доданд. Расонаҳои Туркия пеш аз ин гузориш дода буданд, мақомҳои амниятии ин кишвар наворҳои савтӣ ва видеоӣ дар бораи қатли оқои Хошуқҷиро дар дохили консулгарӣ дар даст доранд.
Аз сӯи дигар, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе аз Вашингтон ба Риёз сафар кард. Чанд соат пеш, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфта буд, ки оқои Помпеоро барои дидору мулоқот бо подшоҳи Арабистони Саудӣ, ба Риёз мефиристад.
Ҳамчунин Кохи Сафед рӯзи душанбе эълом кард, ки Майк Помпео пас аз мулоқот бо подшоҳи Арабистони Саудӣ, барои гуфтугӯ бо мақомҳои Туркия, ба он кишвар хоҳад рафт.
Як ҳамоиш ва як конфронси иқтисодӣ дар сояи ин моҷаро
Дар таҳаввули дигар, сафорати Арабистони Саудӣ дар Вашингтон бидуни ироаи далели хос, маросими таҷлил "Рӯзи миллӣ"-и ин кишварро лағв кардааст. Рӯзи миллии Арабистони Саудӣ 23-юми сентябр аст, аммо ин ҷашн ҳар сол маъмулан чанд ҳафта пас аз ин таърих дар сафорати Арабистони Саудӣ дар Вашингтон баргузор мешавад.
Хабаргузории "Рейтерз" гузориш додааст, ки ин сафорат дар емейле кӯтоҳ ба меҳмонон хабар додааст, ки маросими рӯзи панҷшанбеи 18-уми октябр лағв шудааст.
Баргузории як конфронси иқтисодии дигар низ дар сояи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ қарор гирифтааст. Шуморе аз сармоягузорон ва расонаҳои байналмилалӣ гуфтаанд, ки дар сурати мушаххас нашудани сарнавишти Ҷамол Хошуқҷӣ, ҳозир нестанд дар конфронси "Ояндаи сармоягузорӣ" дар Риёз ширкат кунанд. Аммо мақомҳои Арабистони Саудӣ эълон карданд, ки ин нишаст дар замони муқарраршуда, баргузор мешавад.
Конфронси "Ояндаи сармоягузорӣ", ки соли гузашта барои нахустин бор бо ҳузури шуморе аз чеҳраҳо ва шахсиятҳои иқтисодӣ дар Риёз баргузор шуд, қарор аст имсол аз 23-юми октябр ба кори худ оғоз кунад. Раҳбарон ва мудирони шуморе аз расонаҳои мӯътабари байналмилалӣ эълон карданд, ки дар ин ҳамоиш ширкат намекунанд. Шуморе аз аъзои Конгресси Амрико низ хостори таҳрими ин конфронс аз сӯи ҳукумати Доналд Трамп шуданд.
Бо ин ҳол, "Сандуқи умумии сармоягузорӣ" дар Арабистони Саудӣ рӯзи душанбеи 15-уми октябр эълон кард, то кунун "беш аз 150 суханрон, аз 140 ширкати мухталиф ҳузури худ дар ин конфронсро таъйид кардаанд" ва ин ҳамоиш мутобиқи барномаи қаблӣ дар Риёз баргузор хоҳад шуд.