Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кулии Гурҷистон Саакашвилиро дар ташкили қатли Патаркатсишвилӣ гунаҳгор кард


Бадрӣ Патаркатсишвили
Бадрӣ Патаркатсишвили

Додситонии кулли Гурҷистон президенти собиқ Михаил Саакашвилиро дар ташкили қатли як сарватманди гурҷӣ дар Бритониё айбдор кард. Худи Михаил Саакашвилӣ ин иттиҳомро дафъатан рад кард. Додситонии кулл рӯзи 17 октябр бо пахши изҳороте гуфт, ки таҳқиқи марги як марди сарватманд ва раҳбари мухолифинро, ки соли 2008 рух додааст, анҷом дод ва ба ин хулоса омад, ки Бадрӣ Патаркатсишвилӣ бо дастур ва нақшаи кашидаи Саакашвилӣ кушта шудааст. Гӯё дар амалӣ шудани ин нақша се мақомдори дигари калони ҳукуматӣ ҳам даст доштаанд. Патаркатсишвилӣ, ки дар сиёсати Гурҷистон хеле фаъол буд, дар хонааш дар Лондон даргузашт. Як моҳ баъди марги ӯ тафтишоти Бритониё гуфт, ки сабаби марги ӯ дарди дил будааст. Вале овозаву тахмини ин ки як раҳбари мухолифон метавонист кушта шавад, ҳамеша садо додааст. Саакашвилӣ, ки ҳоло дар Ҳолланд зиндагӣ мекунад, солҳои 2004 то 2013 президенти Гурҷистон буд. Саакашвилӣ гуфт, ки додситонӣ бо ин изҳороташ мехоҳад, ки дар остонаи интихоботи 28 октябри Гурҷистон ба обрӯи Ҷумбиши ваҳдати миллӣ латма занад.

XS
SM
MD
LG