Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии раисиҷумҳурии Русия Владимир Путин дар робита бо марги даҳҳо нафар дар як тирандозии коллеҷи шаҳри Керч изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар ин барқия гуфта мешавад, ки "хабари фоҷиабори ҳалокат ва захмӣ шудани одамон ба асари амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керчро бо андӯҳи гарон дарёфтам. Тасаллияти амиқ ва ҳамдардиамонро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳор дошта, ба тамоми захмишудагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорем».
Дар натиҷаи як тирандозии ҷавони 18-сола дар як коллеҷи Керч, дасти кам 21 нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шудаанд. Сабабҳои даст ба чунин амал задани ин ҷавон ҳанӯз маълум нест. Тафтишот идома дорад.
Изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Путин дар робита бо фоҷеа дар муассисаи таълиии воқеъ дар минтақаи Қрим, ки соли 2014 аз ҷониби Русия ғасб шуд, дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки ин минтақаро ҳамчун бахше аз ҳудудҳои Русия эътироф мекунад.