Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтишот: Ҳамлагари Керч метавонист танҳо набошад


Мақомоти Қрим мегӯянд, ки эҳтимолан ҷавони ҳамлагар, ки дар натиҷаи тирандозиву таркиши ӯ дар коллеҷи политехникии шаҳри Керч 21 нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуданд, танҳо амал намекард. Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 18 октябр гуфт, ки ҳарчанд дар саҳнаи қатлу тирандозӣ Владислав Рослякови 18-сола танҳо амал мекард, вале омодагӣ ва анҷоми чунин як ҳамлаи бемисл дар мактаби русӣ наметавонист кори дасти як нафар бошад.

Cухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия Светлана Петренко дар як изҳороти матбуотиаш гуфт:

"Тафтишоти судиву тиббӣ, баллистикӣ ва навъҳои дигари санҷиш таъин шудаст. Инчунин Росляков баъди маргаш мавриди санҷиши психологӣ қарор мегирад. Дар хонаҳои хешовандони гумонбар ва ҳам дар хонае, ки Росляков бо модараш зиндагӣ мекард, тафтишҳо баргузор шуд. Ҳар маводе, ки барои санҷиш лозим аст, мусодира шудааст".

Ҳамлаи мусаллаҳонаи як донишҷӯи муҳассили коллеҷ дар шаҳри Керчи Қрим, ки чор сол пеш Русия онро ишғол кард, рӯзи 17 октябр рух дод.

Диловар Мелғозиев, муовини раиси шаҳри Керч рӯзи панҷшанбе гуфт, ки ҳамаи қурбониҳо шиносоӣ шуданд ва ба гуфтаи ӯ, 15 нафари онҳо донишҷӯ ва шаш нафарашон то 18-сола буданд. Панҷ қурбонии дигар омӯзгорони коллеҷ мебошанд.

Вазири беҳдошти Русия Вероника Сквортсова гуфт, ки дар маҷмӯъ дар ин ҳодиса 70 нафар осеб дида, ҳолати 10 нафари онҳо сангин мебошад. Панҷ нафари дигар дар ҳолати кома ё беҳушӣ қарор доранд. Мақомот ва шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки ҷавони наврас бидуни ҳеҷ як монеа ба муассисаи таълимӣ ворид шуда, ба тирпаронии мардум шурӯъ кард. Дар ниҳоят ӯ худро ҳам аз тири ҳамин милтиқи шикорӣ ба ҳалокат расонд. Сергей Аксенов, раиси минтақаи Қрим гуфт, ки ҷавони ҳамлагарро як инсони орому хуб тасвир мекарданд, вале дӯсту рафиқи зиёд надошт. Тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG