Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео: "Саудӣ ваъда дод, ки дар таҳқиқи қатли Хошуқҷӣ мусоидат мекунад"


Вазири умури хориҷии Амрико, ки ба Риёз ва Анқара рафта буд ва қарор аст Доналд Трампро дар ҷараёни музокирот ва гуфтугӯҳо дар робита ба таҳқиқот дар мавриди Ҷамол Хошуқҷӣ бигузорад, аз ҷараёни сафари худ ибрози ризоят карда ва мегӯяд, ки Арабистони Саудӣ ваъда додааст, ки таҳқиқоти комил ва шаффоф анҷом диҳад.

Помпео дар Риёз ва Анқара чӣ кард?

Майк Помпео пас аз тарки Риёз, дидор ва гуфтугӯҳои худ бо мақомҳои Арабистони Саудиро "ба шакли боварнакардани муваффақиятомез" хонд. Оқои Помпео дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди вазъияти Ҷамол Хошуқҷӣ, ки оё зинда аст ё на, гуфтааст, "ман намехоҳам дар мавриди ҳеҷ як аз воқеиятҳо суҳбат кунам. Онҳо ҳам намехостанд, зеро мехоҳанд фурсати инро дошта бошанд, ки таҳқиқотро ба шакли комил ба поён бирасонанд."

Муфаттишони турк дар консулгарии Саудӣ дар Истанбул.
Муфаттишони турк дар консулгарии Саудӣ дар Истанбул.

Вазири умури хориҷии Амрико айни ҳол мегӯяд, бо мақомҳои саудӣ дар мавриди "аҳамияти анҷоми таҳқиқот, ки шаффоф бошад", гуфтугӯ кардааст. Ӯ сипас афзудааст, "онҳо ин итминонро доданд, ки таҳқиқотро комил хоҳанд кард".

Раиси ҷумҳури Амрико низ ахиран бо ишора ба сафари Помпео ба Арабистони Саудӣ ва Туркия барои баррасии қазияи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ гуфтааст, "гузориши комиле" аз ӯ хоҳам гирифт. Трамп таъкид кардааст, Вашингтон қасд надорад бар қазияи нопадид шудани Хошуқҷӣ "сарпӯш гузорад" ва ибрози умедворӣ кардааст, ки хонаводаи подшоҳӣ дар Арабистон, дар ин парванда даст надошта бошад.

Оё ҳукумати Трамп талоши "наҷот"-и Саудиро дорад?

Рӯзи чаҳоршанбе ҳайати таҳрири рӯзномаи "Вашингтон пост", ки Хошуқҷӣ барои он мақола менавишт ва бархе назарҳои интиқодии худ дар мавриди Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ҷавони саудиро дар ин рӯзнома ба риштаи таҳрир мекашид, пурсида буд, "чаро ҳукумати Трамп барои пок кардани ошуфтагиҳои Арабистони Саудӣ, талош дорад?"

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, "мо умқи моҷароро рӯшан хоҳем кард. Умедворем, ки подшоҳ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ аз ин моҷаро хабар надошта бошанд. Ба назари ман, ин омили бисёр муҳиме аст."

Вазири умури хориҷии Амрико бо ҳамтои туркаш Мавлуд Човушоғлу.
Вазири умури хориҷии Амрико бо ҳамтои туркаш Мавлуд Човушоғлу.

Майк Помпео таъкид кардааст, ки Амрико ва Арабистони Саудӣ робитаҳои бисёр муҳиме доранд, аз ҷумла ҳамкориҳои стратегӣ барои муқобила бо Эрон, аммо "агар кишваре дар иқдомоти ғайриқонунӣ даст дошта бошад, ғайри қобили қабул аст. Ҳеҷ кас аз чунин иқдомоте дифоъ нахоҳад кард. Онҳо бояд рост бигӯянд, ки чӣ ҳодиса рух додааст".

Таҳқиқоти дубора"-и пулиси Туркия дар консулгарӣ

Тиме аз коршиносон ва мутахассисони Туркия барои бори дувум вориди консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул шудаанд. Хабаргузории "Франс пресс" мегӯяд, нерӯҳои пулисро дидаанд, ки рӯзи чаҳоршанбе вориди бинои консулгарӣ шудаанд. Расонаҳои Туркия низ гузориши ба ин монандро нашр кардаанд.

Бино ба гузоришҳо, пулиси Туркия таҳқиқоте низ дар хонаи консули Арабистони Саудӣ дар Истанбул анҷом додааст. Муҳаммад Ал-Утайбӣ, консули Арабистони Саудӣ дар Истанбул ду рӯз пеш Туркияро тарк кард. Мақомоти саудӣ таъхири тафтишот дар манзили истиқоматии консулро ба ҳузури хонаводаи Утайбӣ дар маҳал рабт доданд.

Хабаргузории "Франс пресс" мегӯяд, ҳудуди 10 нафар аз нерӯҳои пулиси Туркия рӯзи чаҳоршанбе бар консулгарӣ рафтаанд ва мутахассисони пизишки қонунӣ низ дар миёни онҳо буданд.

Рӯзи гузашта рӯзномаи Yani Safak -- расонаи бисёр наздик ба ҳукумати Туркия як навори садоиеро мунташир кард, ки иддао мешавад лаҳзаҳои шиканҷа ва қатли Хошуқҷиро дар консулгарӣ бозгӯӣ мекунад. Мақомҳои Арабистони Саудӣ то ҳанӯз ба ин навори садоӣ, вокунише нишон надодаанд.

Хошуқҷӣ чӣ гуна нопадид шуд?

Рӯзномаи "Вашингтон пост", ки Ҷамол Хошуқҷӣ барои он мақола менавишт, қаблан навишта буд, муфаттишони пулиси Туркия ба ин бовар ҳастанд, ки тими 15-нафара аз Арабистони ба Истанбул рафта буд, то Хошуқҷиро ба қатл бирасонад. Мақомҳои Арабистони Саудӣ ин иддаоҳоро "бепоя ва беасос" хондаанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ.
Ҷамол Хошуқҷӣ.

Тибқи гузоришҳо, ин рӯзноманигор рӯзи сешанбеи 2-юми октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд. Ҳамон тавр, ки номзади ин шаҳрванди Арабистони Саудӣ гуфтааст, Ҷамол Хошуқҷӣ барои дарёфти як санади расмии сабти талоқ ва дар натиҷа гирифтани иҷозатнома барои издивоҷи дигарбора, вориди бинои консулгарии Арабистони Саудӣ шуд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, мушовири пешини ҳукумати Арабистони Саудӣ пас аз интиқодҳояш аз сиёсатҳои Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ҷавони ин кишвар, чун нигарон буд, ки боздошт мешавад, соли гузашта ба Амрико рафт. Пас аз он ба навиштани мақолаҳои интиқодӣ дар рӯзномаи "Вашингтон пост" оғоз намуд.

XS
SM
MD
LG