Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сохтмони нахустин неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон $11 млрд харҷ мешавад


Владимир Путин, президенти Русия рӯзҳои 18-19 октябр ба Узбекистон меояд ва дар маросими шурӯи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ ширкат мекунад. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон 16-уми октябр созишномаи ҳамкориро бо Русия дар мавриди сохтмони неругоҳи ҳастаӣ имзо кард. Неругоҳ аз рӯи лоиҳаи Русия сохта мешавад. Арзиши неругоҳи ҳастаии Узбекистонро Кремл 11 миллиард доллар баровард кардааст.

Неругоҳи ҳастаӣ дар наздикии обанбори Тудакул сохта мешавад. Обанбори мазкур дар 25-километрии шимолу шарқи Бухоро ҷойгир аст. Ин макон ба талаботи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ мувофиқ аст.

Ширкати "Росатом"-и Русия тасмим дорад, маҷмуаи иборат аз ду блоки энержӣ бисозад. Иқтидори неругоҳ аз 2300 МВт иборат хоҳад буд. Ин миқдор барқ 20% талаботи Узбекистонро таъмин мекунад.

Бино бар барномарезии мақомоти узбекистон, неругоҳи ҳастаӣ то 4 миллиард метри мукааби гази табииро сарфа мекунад ва солона то 600 миллион доллар даромад меорад.

Мухолифони сохтмони неругоҳи ҳастаӣ мегӯянд, узбекистон метавонист, ки неругоҳи энержии офтобӣ бисозад. Ҳарчанд ҳудуди узбекистон барои сохтани неругоҳи энержии офтобӣ мувофиқ аст, аммо харҷи сохтмон ва нигаҳдории чунин неругоҳ гарон меафтад.

XS
SM
MD
LG