Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Путин "эҳтимол" дар заҳролудкунӣ ва қатлҳо даст дорад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 14 октябр дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CBS гуфт, ки Путин "эҳтимол" дар кушторҳо ва заҳролудкуниҳо даст дорад.

Ӯ ба суоли хабарнигор, ки оё розӣ ҳаст, ки Путин ба кушторҳо ва заҳрорлушавиҳо робита дорад гуфт "бале, эҳтимол рабита дорад, эҳтимол". Президент ҳамчунин дахолати Русия ва Чин дар умури интихоботи ИМА-ро соқит накард, аммо ҳамзамон таъсири Пекинро "мушкили ҷиддитар" унвон кард.

Трамп ин фарзияро, ки ӯ гӯё барои пирӯзӣ дар интихоботи соли 2016 аз Русия кумак хостааст, хандаовар номид. Ӯ ба суоле, ки чаро Путинро ба таври ҷиддӣ танқид намекунад, гуфт, ки дар баробари Путин "мавқеи қотеона" дорад ва нишасти моҳи июл дар Ҳелсинкиро намуна овард.

Ҳафтаи гузашта матбуот аз мулоқоти эҳтимолии Путин ва Трамп дар саммити Арктика, моҳи феврали соли оянда дар Ҳелсинки, хабар дод.

Августи соли равон ИМА дар робита ба заҳролудшавии Сергей Скрипал - корманди пешини Идораи истихбороти Русия ва духтари ӯ Юлия, дар Солсберии Британия, бахши аввали таҳримҳои зидди Маскавро эълон кард. Вашингтон ва бисёр давлатҳои ғарбӣ аз натиҷагирии Лондон, ки Скрипалро маҳз истихбороти Русия заҳролуд кард, пуштибонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG