Арабистони Саудӣ на таҳдиди иқтисодиро таҳаммул мекунад ва на таҳдиди сиёсиро. Дар ин бора як манбаъ аз дохили ҳукумати Арабистон ба хабаргузории давлатии ин кишвар Saudi Press рӯзи 15 октябр иттилоъ додааст.
Пештар аз ин Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки агар даст доштани мақомоти Саудӣ дар қатли Хашуқҷӣ исбот шавад, Риёзро шадидан муҷозот хоҳад шуд.
Шабакаи телевизионии Al Arabia бо такя ба вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар дод, ки Риёз таҳримро бепосух намегузорад. Ба иттилои хабаргузории France Press, ҳайати Арабистони Саудӣ барои гуфтугӯ ба Туркия рафтааст.
Рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ бо расонаҳои ғарбӣ ҳамкорӣ мекарданд ва аз мунаққидони салтанати Саудӣ буд. Ӯ 2 октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истамбули Туркия нопадид шуд. Туркия мегӯяд, Хошуқҷиро дар консулгарӣ куштаанд. Риёз ин гумонро рад мекунад.