Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Имрӯз, 15-уми октябр дар Кохи Борбади Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон бо соҳибкорон, моликони корхонаву ширкатҳо ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Дар назар аст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон доир ба тафтишҳои пайваста ва санҷишҳои бидуни асоси фаъолияти соҳибкорон ва, инчунин, фоизҳои баланди қарзи бонкҳо -- аз монеаҳои рушди иқтисод дар кишвар, сӯҳбат кунад.

Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор соҳибкори инфиродӣ сабти ном шуда, саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ аз 60 дарсад бештар аст. Аммо Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил аст, ки сатҳи андозбандӣ ё молиёт дар он кишварҳо хеле болост.

Бар асоси арзёбии созмони “Тотал текс рейт”, мизони андозҳо дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондод натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ баландтарин буда, бори гароне бар дӯши соҳибкорону сармоягузорон аст.

XS
SM
MD
LG