Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз эҳтимоли барканории вазири дифои Амрико хабар дод


Раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳибае, ки рӯзи якшанбеи 14-уми октябр пахш шуд, гуфт, "эҳтимол дорад" вазири дифои ин кишвар Ҷеймс Мэттис аз мақомаш истеъфо диҳад.

Оқои Мэттис аз камтарин афроди боқимонда дар ҳукумати Трамп аз замони ба кор омадани вай дар моҳи январи соли 2017 мебошад ва аз истиқлоли бештаре бархӯрдор аст. Дар ин муддат, бо раиси ҷумҳур Трамп зиёд дучори таниш набудааст.

Ҷеймс Мэттис қаблан гузоришҳо дар хусуси барканории худ аз ҳукумати Доналд Трамп дар моҳҳои ояндаро радд карда ва гуфта буд, ки онҳоро ҷиддӣ намегирад.

Дар барномаи "60 дақиқа"-и шабакаи телевизионии CBS аз оқои Трамп пурсида шуд, ки оё хоҳони канорагии вазири дифоъ аст. Вай дар посух гуфт, "шояд ин рух бидиҳад. Агар бихоҳем ҳақиқатро бидонем, ба назарам ӯ ба навъе демократ аст."

Вай афзудааст, "вале генерал Мэттис одами хубе аст. Бо ҳам кор кардаем. Шояд мақомашро тарк кунад. Манзурам ин аст, ки замоне фаро мерасад, ки одамҳо мераванд". Оқои Трамп гуфт, ду рӯз пеш бо вазири дифоъ сӯҳбат карда буд, вале чизе дар дар бораи тарки мақомаш нагуфт.

Барканориҳо дар ҳукумати Амрико

Изҳори назари раиси ҷумҳури Амрико дар бораи генерал Мэттис пас аз он сурат мегирад, ки вай пештар аз тағйирот дар ҳукумати худ хабар дода буд. Никки Ҳейли, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи гузашта эълом кард, ки аз мақомаш канорагирӣ кардааст.

Қаблан вазири умури хориҷии он кишвар Рекс Тиллерсон, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ва низ чанд мақоми баландпоя дар ҳукумати Доналд Трамп аз мақомҳои худ канорагирӣ карда буданд.

Трамп дар кобинаи Амрико тағйирот меорад

Ҷеймс Мэттис қаблан гузоришҳо дар хусуси барканории худ аз ҳукумати Доналд Трамп дар моҳҳои ояндаро радд карда ва гуфта буд, ки онҳоро ҷиддӣ намегирад.

Оқои Трамп ба шабкаи хабарии CBS гуфтааст, "ман дар ҳоли анҷом додани тағйирот ҳастам. Ва ин ихтиёротро дорам. Дар ҳоли ҳозир афродеро мадди назар дорам, ки падида ҳастанд. Онҳо вориди кобина хоҳанд шуд."

Вай афзуд, "ба назарам кобинаи бузурге дорам. Одамҳое, ҳастанд, ки бо онҳо роҳат нестам. Одамҳое дар ихтиёр дорам, ки ҷавоб намедиҳанд. Ва афроди дигаре дорам, ки бо онҳо хеле ҳаяҷон дорам."

Ҷеймс Меттиси 68-сола, 28-умин вазири дифои Амрико аст, ки аз 20-уми январи соли 2017 ин мақомро ба ӯҳда дорад. Сенати Амрико бо 98 раъйи тарафдор ва танҳо як раъйи муқобил, ӯро ба мақоми вазири дифои Амрико, таъйид карда буд.

XS
SM
MD
LG