Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши вилояти Тахор 44 нафар кушта ва захмӣ шуданд


Мақомоти вилояти Тахор гуфтанд, ки бар асари таркиш дар ҷараёни як маъракаи пешазинтихоботӣ дар ноҳияи Рустоқ 12 нафар, бо шумули афроди осоишта ва нирӯҳои амниятӣ, кушта шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии Тахор, рӯзи 13-уми октябр ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, таркиш нимирӯзи шанбе пеш аз суханронии Назифа Юсуфӣ Бег, номзад ба мақоми вакили порлумон, рух додааст. Ӯ афзуд, дар ин инфиҷор ба хонум Назифа осеб нарасидааст.

Аммо Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахор, гуфт, бар асари таркиш 32 тани дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Таркиши рӯзи шанбе бар сари инфиҷори як мототсикли пур аз маводи тарканда рух додааст. Дар ин замина таҳқиқот идома дорад.

То ба ҳол масъулияти ҳамларо ягон гуруҳ бар дӯш нагирифтааст.

Интихоботи порлумонии Афғонистон рӯзи 20-уми октябр баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG