Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Туркия роҳиби амрикоӣ Эндрю Барнсонро озод кард


Эндрю Брансон
Эндрю Брансон

Додгоҳи Туркия рӯзи ҷумъа роҳиби амрикоӣ Эндрю Брансонро озод кард, ки таъқиби додгоҳии ӯ боиси таҳмиҳои ИМА алайҳи вазири дохилӣ ва адлия Туркия шуд.

Тавре вакили хонаводаи Брансон ба хабаргузории Reuters гуфт, рӯҳонӣ ҳоло дар роҳ ба сӯи ИМА аст.

Эндрю Брансонро, ки якуним солро дар маҳбаси Туркия ва чандин моҳро дар ҳабси хонагӣ сипарӣ кард, ба даст доштан дар кӯшиши табаддулоти соли 2016 муттаҳам карданд. Рӯзи ҷумъа додгоҳ Брансонро барои "робитааш бо террористҳо" ба се солу якуним моҳ аз озодӣ маҳрум кард, аммо ба думбол ӯ аз иҷрои ҷазо озод шуд. Ба Брансон иҷозат доданд, ки аз Туркия берун равад.

Вашингтон бо таъкидии бегуноҳии Эндрю Брансон борҳо аз Анқара даъват кард, ки ӯро озод кунад. Моҳи август, вақте Анкара гуфт Брансонро озод намекунад, ИМА мақомоти баландпояи он кишварро таҳрим ва бо маҳдудиятҳои бештар таҳдид кард.

Рӯзи гузашта матбуот аз созиши пинҳонии Туркия бо ИМА дар бораи сарнавишти ин рӯҳонӣ хабар дод. Гуфта шуд, ки Вашингтон дар ивази озодии Брансон фишор ба иқтисоли Туркияро нармтар мекунад. Ҳар ду кишвар ин хабарро рад карданд.

XS
SM
MD
LG