Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ дар миёни оташи ҷанги тиҷоратии Амрикову Чин


Маҳдудсозии фурӯши колоҳои Чин дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад чархиши тиҷорати Пекин ба сӯи бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар пай дошта бошад. Арзёбии коршиносон аз сиёсати иқтисодии Чин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ бисёр мубҳам аст.

Тирагӣ дар равобити тиҷории Чину Амрико

Равобити тиҷорати ва иқтисодии Амрико ва Чин дар як соли гузашта марҳилаи душвореро аз сар мегузаронад. Шиорҳои интихоботии раисҷумҳур Трамп дар бораи сиёсати ноодилонаи иқтисодии Пекин дар баробари Вашингтон бо гузашти замон ба як стратегияи собит ба хотири боздоштани тавсеаи иқтисодии Чин табдил ёфт.

Чин яке аз се шарики аслии тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Ин корзор бо ибтикори раисҷумҳур Трамп барои таҳқиқи дуздии моликияти зеҳнии Амрико аз сӯи Чин оғоз ёфт ва паёмадаш ҷорӣ кардани се даври таҳрими мутақобилаи байни ин ду бузургтарин иқтисоди ҷаҳон аз роҳи афзоиши таърифаҳои гумрукӣ барои садҳо навъи молу коло шуд.

То моҳи сентябр ин ду кишвар ҳамдигарро дар ҳаҷми 106 миллиард доллар таърифаҳои гумрукӣ бастанд, ки саҳми ҳар кадомашон аз он миқдор 53 миллиард долларро ташкил медиҳад. Афзун бар ин, Амрико 24-уми сентябр таърифаҳои 10-дарсадии иловагиро барои воридоти колоҳои чинӣ ба Иёлоти Муттаҳида ҷорӣ кард, ки маблағи умумии он 200 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Раисҷумҳур Трамп ҳамчунин таҳдид кард, ки агар Пекин ба ин чораҳо вокуниш кунад, Амрико таърифаҳояшро то ҳаҷми 267 миллиард доллар афзоиш хоҳад дод, ки ин рақам тақрибан бо кулли арзиши воридоти чинӣ ба Иёлоти Муттаҳида баробар аст.

Таъсири ин ҳолат бар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Коршиносон дар сатҳҳои мухталиф борҳо ёдовар шудаанд, ки чунин равобити миёни Чин ва Амрико ба шарикони тиҷоратии Чин, аз ҷумла кишварҳои Осиё Марказӣ низ таъсиргузор хоҳад шуд. Онҳо мегӯянд, ки агар камтарин бахше аз воридоти 50-миллиарддолларии Чин ҳам ба бозори кишварҳои Осиё Марказӣ равона шавад, метавонад ба саноати заъифи ин кишварҳо асари ҷиддии манфӣ гузорад.

Мудири масоили Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав Андрей Казантсев дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар кӯтоҳмуддат таъсири геополитикӣ ва иқтисодии Чин болои кишварҳои минтақа, ки дар тарҳи "Роҳи нави абрешим" ё "Як камарбанд – як роҳ" шариканд, афзоиш хоҳад ёфт. Казантсев мегӯяд, дар баробари паҳлӯҳои мусбат, ин ҳолат паёмадҳои манфӣ низ дар пай дорад.

Андрей Казантсев.
Андрей Казантсев.

Ин коршинос ҳушдор медиҳад, ки "афзоиши сармоягузорӣ ва воридоти колоҳои чинӣ ба ин кишварҳо метавонад мушкилотеро барои саноати онҳо эҷод кунад. Ба таъбири дигар, ин кишварҳо метавонанд ба манбаи ашёи хом барои манотиқи ғарбии Чин табдил ёбанд".

Вай дар бораи иқдомоти иқтисодии ин кишварҳо гуфт, ки муқовимат дар баробари сиёсати Чин, ба вижа барои кишварҳое, ки иқтисодашон дар сахттарин шароит қарор дорад, бавижа барои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон, бисёр душвор хоҳад буд. Казантсев бовар дорад, ки "Қазоқистону Узбакистон ба далели густарда будани иқтисоду колоҳояшон ва равобити тиҷориву иқтисодӣ бо дигар кишварҳо, метавонанд бо бархе аз колоҳои чинӣ рақобат кунанд".

"Тағйири ҷиҳат имконпазир нест"

Нургул Акимова, коршиноси умури иқтисодӣ аз шаҳри Бишкек, дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ эҳтимоли тағйири масири воридоти колоҳои чинӣ ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказиро рад мекунад.

"Дар шароите, ки мизони маҷмуи тавлиди нохолиси дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ 271 миллиард долларро ташкил медиҳад (аз он ҷумла, Қирғизистон - 6,6 миллиард доллар, Қазоқистон - 134 миллиард доллар , Тоҷикистон - 7 миллиард доллар, Қазоқистон - 68 миллиард доллар, Туркманистон - 36 миллиард доллар ва Афғонистон - 20 миллиард доллар), наметавон аз тағйири масир сӯҳбат кард. Дар кулл, фарҳанги талабот, вижагии бозору тавони пардохти масрафкунандагон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз кишварҳои дигар тафовут дорад", - мегӯяд ин иқтисоддон.

Заминаҳои ҷаззоб

Нургул Акимова муътақид аст, ки бо ҷобаҷогузории дурусти ҳадафҳои тактикӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ метавонанд заминаҳоеро пур кунанд, ки дар пайи баҳсҳои тиҷоратии Пекину Вашингтон озод шуданд.

"Дар мавриди афзоиши содироти колоҳои тавлидшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, мақомот бояд тавлидкунандагонро муваззаф ба афзоиши ҳаҷми тавлиди маҳсулоти озуқа кунанд. Чун мо қодир нестем, ки дар заминаи пажӯҳишҳои илмиву фанновариҳои пештози тавлидӣ рақобат кунем, бояд ҳадафҳои тактикиро дуруст танзим кунем. Муҳим аст, ки мақомот дар сатҳи давлатӣ барои бастани қарордодҳои фурӯши маводи хӯрокӣ барои дарозмуддат ба тавофуқ бирасанд. Чин қаблан аз Амрико ба маблағи 13 миллиард доллар ғалла ва мева ворид мекард. Ин бозор барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр ҷолибу ҷаззоб аст",- мегӯяд коршинос.

Ёдовар мешавем, ки Чин яке аз се шарики аслии тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Бино бар омори расмии Чин, дар соли 2017 гардиши коло миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 25 соли гузашта 60 баробар афзуда ва аз 500 мииллион ба 30 миллиард доллар расидааст.

Чунончи, дар соли 2017 саҳми Чин дар гардиши коло бо кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин будааст: Қазоқистон – 13,5 дарсад, Узбакистон – 18,4 дарсад, Қирғизистон – 26,9 дарсад ва Тоҷикистони – 14,9 дарсад. Бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказиро асосан бунгоҳҳои тавлидии манотиқи ғарбии Чин, бавижа ноҳияи худгардони Синкиян – Уйғуристон бо коло таъмин мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG