Мерилин Йосефссон, раҳбари нави намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 10 октябр дар Душанбе бо вазири хориҷаи ин кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дидор кард ва нусхаи эътимодномаи худро супурд. Дар ҷараёни мулоқот ду ҷониб раванди ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам дурнамои равобити ду ҷонибро баррасӣ карданд. Мерилин Йосефсон дар мақоми раҳбари дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидоят Бишчевичро иваз кард, ки то охири моҳи августи имсол дар ин мақом кор кард.
Сари кор омадани дипломати нави аврупоӣ бо 15-солагии барқарории равобити дипломатии миёни Тоҷикистон ва ҳайати намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар ин кишвар мувофиқ омад. Қарор аст ба ин муносибат аз 17 то 25 октябр дар Тоҷикистон ҳафтаи аврупоӣ баргузор ва ин сана таҷлил шавад.