Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

iPhone ба ивази маьлумот дар бораи "экстремизм"


Телефонҳои Apple - акс аз бойгонӣ
Телефонҳои Apple - акс аз бойгонӣ

Мақомоти Доғистони Қафқози Шимолӣ ба сокинони минтақа дар ивази "маълумот" оиди матолиби интернетӣ, ки экстремистӣ ҳисоб мешавад, телефони ҳамроҳи iPhone ваъда карданд. Шабакаи телевизионии РБК рӯзи гузашта гуфт, ки ба фаъолтарин "хабаррасонҳо" телефонҳои ҳушманди Apple ва Xiaomi тақдим мешавад.

Вазорати матбуоти Доғистон барои дарёфти "матолиби экстимистӣ" "хати оҷил" боз кардааст ва корбарон баъди пур кардани формаи махсус маълумоти дарёфтиро тавассути ин саҳифа ба мақомот мерасонанд.

Моҳҳои ахир теъдоди парвандаҳо барои нашр ва пахши матолиби интернетӣ ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст. Рӯзи 3 октябр президенти Русия тарҳи қонунеро ба порлумон пешниҳод кард, ки муҷозоти "эҷоди нафрат ё думанӣ"- ро қисман нарм мекунад. Соли 2017 барои нашр ва пахш ё "лайк" -и хабару матолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ 461 нафар дар Русия ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

XS
SM
MD
LG