Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муваззаф шуданд, ки дороиҳои худро эълон кунанд


Нишасти порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Нишасти порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10-уми октябр ба қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" тағйирот ворид кард, ки бар пояи он, аз ин ба баъд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муваззаф шуданд, ки дороиҳои худ, аз ҷумла маблағҳоеро, ки ҳамчун грант ё ҳар навъи маблағи дигар аз дохил ва хориҷ дарёфт мекунанд, ба ниҳоде, ки дар онҷо сабт шуданд, ироа намоянд. Сипас ниҳоди масъули сабти ном, ин маълумотҳоро ба Бонки миллӣ пешниҳод мекунад.

Ҳамидулло Машрабзода, намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар нишасти рӯзи 10-уми октябри порлумон ин тарҳро муаррифӣ мекард, гуфт, ин иқдом бо пешниҳоди Созмони ҷаҳонии мубориза бо терроризм, рӯи даст гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ин масъули Бонки миллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд маълумот дар бораи дороиҳои худро дар сомонаҳои худ ба нашр расонанд. "Ҳар созмони ҷамъиятие, ки худро эҳтиром мекунад, бояд сомонаи худро дошта бошад ва ҳадаф аз ин, ба таври шаффоф инъикос намудан ё гузориш додан аз даромадҳои молӣ аст",- афзуд масъули Бонки Миллии Тоҷикистон

Ҷаноби Машрабзода ҳамчунин гуфт, ки бар асоси ин тағйиру иловаҳо, иттиҳодияи ҷамъиятӣ муваззаф ҳастанд, ки маълумотҳои моливу ғайримолӣ ва ному насаби афроди боэътимодро ҳам ҳифз кунанд ва онро аз байн набаранд.

XS
SM
MD
LG