Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, феҳристи номзадҳо барои мақоми намояндаи доимии кишвараш дар СММ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва ба панҷ номи ниҳоӣ расидааст. Ҳамзамон Иванка Трамп, духтари раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки ҷои Никки Ҳейлиро нахоҳад гирифт.
Доналд Трамп дар ҷараёни сафар ба яке аз вилоятҳои кишвараш дар ҳавопаймои раёсати ҷумҳурӣ ба хабарнигорон гуфтааст, Дина Повел, мушовири пешини Кохи Сафед дар миёни панҷ нафаре аст, ки дар ҳоли баррасии онҳо мебошад. Ба иловаи хонум Повел, Трамп мегӯяд, сафири кишвараш дар Олмон аз чеҳраҳои дигар мебошад, ки "қатъан" баррасӣ мекунад, ҳарчанд афзал мешуморад, ки ӯ дар Олмон бимонад, зеро ки "кораш хеле хуб аст".
Сафири Русия дар СММ гуфтааст, бо вуҷуди ихтилофоти ҷиддӣ бар сари бархе аз масоил байни Маскав ва Вашингтон, ӯ "робитаҳои корӣ ва шахсии хубе" бо хонум Ҳейли дошт.
Никки Ҳейли, сафири феълии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбеи 9-уми октябр дар нишасти хабарии муштарак бо Доналд Трамп иштирок кард ва истеъфои худро эълом намуд. Истеъфои хонум Ҳейли як моҳ пеш аз интихоботи миёндаврии Конгресси Амрико сурат гирифтааст. Хонум Ҳейли қарор аст то охири соли ҷорӣ дар мақоми худ боқӣ бимонад.
Доналд Трамп қаблан ба хабарнигорон гуфта буд, Иванка -- духтараш метавонад сафири "ҳайратангезе" дар Созмони Милали Муттаҳид бошад, аммо медонад, ки агар чунин кунад, ба "хешутаборбозӣ" муттаҳам хоҳад шуд. Иванка Трамп чанд соат баъд дар "Твиттер"-и худ навишт, ки қасд надорад ҷойгузини Никки Ҳейли шавад.
Дина Повел кист?
Хонум Повел, ки аз ӯ ба унвони яке аз гузинаҳои эҳтимолӣ ном бурда мешавад, дар солҳои аввали раёсати ҷумҳури Трамп, мушовири ӯ буд. Сипас дар моҳи январи соли ҷорӣ мушовири амнияти миллӣ дар умури стратегӣ шуд.
Ӯ дар ду давраи раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буш ба муддати ду сол масъули дафтари фарҳангӣ ва таълимии вазорати умури хориҷии Амрико буд. Дина Повел (Дунё Ҳабиб) дар хонаводаи қибтӣ дар Миср ба дунё омадааст. Падараш капитани артиши Миср буд. Хонаводааш дар чаҳорсолагӣ ӯро ба Амрико равон карданд.
Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" соли гузашта ӯро аз чеҳраҳои муҳими ҳукумати Доналд Трамп дар заминаи сиёсатҳои вобаста ба Ховари Миёна муаррифӣ карда буд.
"Вашингтон пост" вақте, ки хонум Повел дар ҳоли видоъ бо Кохи Сафед буд, гузориш дод, қарор аст ҳамчунон ба шакли озод, ба ҳукумат дар сиёсатҳои вобаста ба Ховари Миёна машварат диҳад. Мушовири амнияти миллии пешини Амрико, хонум Повелро "яке аз боҳуштарин ва коротарин раҳбароне, ки дидааст", хонда буд.
Изҳори ҳайрати дипломатҳо аз истеъфои Ҳейли
Расонаҳо, аз ҷумла шабакаи хабарии "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, канорагирии Никки Ҳейли чӣ дар дохили Амрико ва чӣ дар миёни сафирони хориҷии кишварҳо дар СММ бо шигифтӣ ва ҳайронӣ рӯбарӯ шуд.
Аз ҷумла сафири Русия дар СММ дар ин бора изҳори ҳайрат намуда ва гуфтааст, ки шунидани ин хабар "шахсан барои ӯ каме андӯҳнок" буд. Сафири Русия дар идома гуфтааст, бо вуҷуди ихтилофоти ҷиддӣ бар сари бархе аз масоил байни Маскав ва Вашингтон, ӯ "робитаҳои корӣ ва шахсии хубе" бо хонум Ҳейли дошт.
Хамин бачахакои чавона нашикан президент!
Baroi chi, yagon nafar созиши ҳастаӣ Isroiro barrasi namekunad? Baroi chi baroi Isroil mumki n budastu, baroi Eron ne? Muttahamho.
Bovari nadorem, shoyad hamin hel bosha..
Хамаи ин кори дасти дохили суди Гафуров аст. Хама медонан......
Я не могу сдержать слезь 😥😥😥 как же больно слушать эти беззакония со стороны закона !!! Как жалко бедную девушку 😭😭😭 Клянусь слезы текут не переставая . Как вы посмотрите в судный день в глаза Пророка Мухаммада мир ему ??? Что вы скажите вашему Господу за эти ваши злодеяния ??? Вам самим приятно было бы если с вашими сестрами женами матерями так поступали ??? О Аллах освободи нас от этих чудовищ , о Аллах открой моему народу глаза на все эти беззакония , о Аллах направь нас на верный путь , о Аллах успокой душу этой прекрасной Азизе , о Аллах освободи её по скорее , о Аллах убереги её от рук неверующих , о Аллах успокой душу её измученной матери , о Аллах накажи не верующих Амин 🤲.