Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси дороиҳои Дерипаска дар Вашингтон ва Ню Йорк


Султони сарват Олег Дерипаска
Султони сарват Олег Дерипаска

Мақомоти Амрико дороиҳои миллирдери Русия Олег Дерипаска, бо шумули амлоки ӯ дар Вашингтон ва Ню Йоркро масдуд карданд. Дар ин бора нашрияи The New York Post рӯзи 8 октябр бо такя ба Вазорати молияи Амрико хабар дод. Аз ҷумла иморати панҷошёнаи безнесмен дар Манҳэттен, ки 40 миллион доллар арзиш дорад, таҳти маҳдудият қарор гирифт.

Акнун ИМА ба Дерипаска пешниҳод кардааст, аз дороиҳояш дар Аврпуо, ки метавонанд таҳти таҳрим қарор бигиранд, даст кашад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, Дерипаска бо мақомоти расмии Амрико созиш кардааст, ки дар хонаҳои ӯ воқеъ дар Ню Йорк ҳамсари собиқаш Даря Жукова бо бачаҳояш зиндагӣ кунад. Жукова дӯсти Иванка Трамп - духтари Доналд Трамп аст,- менвисад The New York Post.

Моҳи апрел ИМА яке аз корхонаҳои бузургтарини алюминий дар ҷаҳон -"Русал" ва раҳбари он Олег Дерипаскаро ба рӯйхати таҳримҳо ворид кард. Ширкатҳои ҳуқуқӣ ва афроди алоҳида ҳақ надоранд бо сохторҳои Дерипаска ҳамкорӣ кунанд.

Моҳи сентябр корхонаи "Арменал"-и Арманистон, ки ба ширкати UC Rusal марбут аст, бинобар таҳримҳо истеҳсоли алюминиро коҳиш дод. Моҳи август бахши "Русал" дар Надвойицкий, ки ба ИМА алюминий содир мекард, фаъолияташро қатъ кард. Бо ин ҳол, бинобар ҳисобҳои "Русал", истеҳсоли он метавонад аз 50 то 70 дар сад коҳиш ёбад.

Қаблан Bloomberg хабар дод, ки бинобар таҳримҳои Амрико ширкати "Русал" истеҳсолашро коҳиш медиҳад.

Вазорати молияи ИМА рӯзи 6 апрел исми чанд тоҷири бонуфузи Русия - аз ҷумла Олег Дерипаска ва Виктор Векселберг, инчунин чанд ширкати марбут ба онҳоро шомили рӯйхати таҳримҳо кард. Ин боиси беқурбшавии рубли русӣ ва коҳиши арзиши саҳмияҳои ширкати "Русал"-и Дерипаска гардид.

XS
SM
MD
LG