Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия: "Мумкин аст, хабарнигори арабро кушта бошанд"


Ҷамол Хашшогӣ дар Амрико зиндагӣ мекард.
Ҷамол Хашшогӣ дар Амрико зиндагӣ мекард.

Нигарониҳо аз сарнавишти як хабарнигори шинохтаи араб меафзояд, ки баъди вуруд ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истаннбул бенишон шуд.

Ҷамол Хошқучӣ рӯзи 2-уми октябр барои гирифтани санаде ба консулгарии кишвараш рафт ва аз ҳамон рӯз бенишон шуд. Расонаҳои Туркия аз қавли мақомот навиштаанд, мумкин аст, Ҷамол Хошқучӣ аз мунтақидони Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон дар дохили консулгарӣ кушта шуда бошад, чун ба қавли яке аз мақомот, Арабистони Саудӣ гурӯҳи махсусеро барои куштани ӯ ба Истанбул фиристодааст.

Дипломатҳои саудӣ, ин иддаоро беасос номида ва гуфтаанд, ки ҳайате аз муфаттишони Арабистони Саудӣ барои таҳқиқи қазияи хабарнигор ба Истанбул омадаанд.

Мақомоти Туркия дар робита ба бенишон шудани хабарнигори араб парванда боз кардаанд ва Шоҳзода Муҳаммад Салмон гуфтааст, ки онҳо метавонанд, консулгариро тафтиш кунанд, зеро “мо чизе барои пинҳон кардан надорем”.

Вазорати умури хориҷии Туркия, бо даъвати сафири Арабистони Саудиро ба вазорат хостааст, қазияро шарҳ диҳад. Робитаҳои ду кишвар баъди ба ҳимояти Қатар бархостани Туркия бад шуд.

Арабистони Саудӣ ва шариконаш Қатарро таҳрим карданд, вале Туркия ба он кӯмак фиристод. Наздик шудани Туркия ба Эрон низ Арабистони Саудиро асабонӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG