Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: "Агар либосҳои истеҳсоли хориҷиро бигиранд, урён мемонед"


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 5-уми октябр ҳангоми ироаи паёми солонаи худ дар шаҳри Остона дастгирии ширкатҳоеро муҳим хонд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ машғуланд. Назарбоев рушди "иқтисоди ашёи одӣ"-ро пешниҳод кард.

"Мо бояд бо истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ машғул шавем. Онро фаромӯш кардаем. Барои намуна, агар ҳоло аз ҳамаи шумо либосҳои истеҳсоли хориҷиро бигиранд, урён мемонед. Дар мо истеҳсоли куртаву пиҷак имкон дорад. Бояд инҳоро дастгирӣ кард. Имрӯз бояд маҳсулоти худиро дастгирӣ кунем", - гуфт ӯ дар хитоб ба мансабдорони Қазоқистон.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Қазоқистон бояд барои афзоиши тадриҷии истеҳсолот дар дохил чора биандешад, то вобастагии ин кишвар аз воридот коҳиш биёбад. Вай хост, сиёсати тиҷории Қазоқистон тағйир дода шавад.

"Беларус чи гуна худиҳоро ҳифз мекунад, ҳамаи шумо медонед. Бо Қирғизистон чи шуд ва онҳо чи гуна мубориза бурданд. Аз мо ҳама хомӯшанд ва касе баҳс намекунад. Зеро одат кардаанд, ки танҳо раҳбарияти кишвар метавонад, бо касе баҳс кунад. Ҳар як шахс бояд вазифаи худро анҷом диҳад, тиҷорати моро ҳимоят кунад", - афзуд ӯ.

Президенти Қазоқистон гуфт, тайи се соли ояндаи наздик бояд ба дастгирии бахши истеҳсолот 500 миллиард танга (беш аз 1,35 миллиард доллар)-и иловагии дигар равона карда шавад.

Назарбоев дар 10 моҳи ахир бори дувум аст, ки "паёми солона" ироа мекунад. Ӯ моҳи январ паёми "Имкониятҳои нави рушд дар шароити инқилоби чаҳоруми саноатӣ”-ро ироа карда буд.

XS
SM
MD
LG