Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламо: “Пайравӣ аз ҲНИТ хилофи шариати Ислом аст”


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як муроҷиатнома пайравӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро "хилофи шариати Ислом" донистааст.

Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 ба дунболи ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ манъ шуд. Раҳбарияти ҳизб чунин тасмимро дорои ангезаи сиёсӣ дониста, ҳама гуна иттиҳомро дар мавриди даст доштан дар ошӯби соли 2015 ва ҳамчунин ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар моҳи июли имсол рад кардаанд.

Бино ба муроҷиатномае, ки рӯзи ҷумъаи 5-уми октябр аз тарафи раёсати Шӯрои уламо қабул шуд, амалкардҳои ин ҳизб “аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ” гуфта шудааст.

Ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ “эҷоди фитна... ва барҳам задани амнияту суботи кишвар аст” ва бинобар ҳамин “пайравӣ аз он дуруст нест”.

Дар ин муроҷиатномаи Шӯрои уламои Тоҷикистон ба яккамазҳабӣ дар кишвар таъкид шудааст. Ин шӯро мегӯяд,“пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ дар замони кунунӣ омили асосӣ ва муҳим барои пойдории сулҳу салоҳ ва оромии кишвар мебошад.”

“Аз ҳамаи мусулмонони кишвар даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд. Мо мардуми мусулмони Тоҷикистон бояд дар ақидаи худ устувор бошем ва аз ҳар гуна фирқаву равияҳои навпайдо дурӣ ҷӯем”, - таъкид шудааст дар фтавои Шӯрои уламо.

Ҳизби наҳзати исломӣ моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва созмони террористӣ эътироф шуд. Дар пайи он даҳҳо узви ин ҳизб боздошту зиндонӣ шуданд. Раису даҳҳо узви ҲНИТ дар хориҷа паноҳ бурданд. Худи ҳизб ва раҳбаронаш пайваста таъкид мекунанд, ки ин иттиҳомот ҳеҷ асос надорад.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз шарикон ва дигар ҳамкоронашон дар хориҷа хостаанд, ки ин ҳизбро "террористӣ" ва "мамнӯъ" эълон кунанд. Дар гузашта Ғарб, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон хоста буд, ки нисбат ба боздоштшудаҳои ин ҳизб аз рӯи қонун рафтор карда, мурофиаҳои одилона барпо кунад.

XS
SM
MD
LG