Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи зиндонҳои Русия: Сентсов аз гуруснанишинӣ даст кашид


Акс аз хадамоти зиндони Русия
Акс аз хадамоти зиндони Русия

Идораи федеролии зиндонҳои Русия мегӯяд, коргардони украинӣ Олег Сентсов, ки бо иттиҳоми омодагӣ ба террор дар Русия зиндонӣ шудааст, аз гуруснанишинӣ даст кашид. Дар ин бора муовини директори Идораи федеролии зиндонҳои Русия Валерий Максименко рӯзи 5 октябр хабар дод.

"Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар ин раванд иштирок карданд, ба табибон ва духтурони бемористон ва вакилони мудофеъ, ки ба ӯ гуфтанд, бояд зиндагӣ кунад, зиндагӣ идома дорад, изҳори сипос мекунам. Дар ниҳоят, табибони мо ва мутахасисон ӯро мутмаин карданд ва ӯ зиндагиро интихоб кард",- овардааст хабаргузории "Интерфакс" аз қавли Валерий Максименко.

Вакилони Сентсов хабари Идораи федеролии зиндонҳоро шарҳ надоданд.

Коргардони украинӣ Олег Сентсов бо иттиҳоми "омода кардани амали террористӣ" дар Қрими ишғолшуда ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ӯ гуноҳро эътироф намекунад. Сентсов рӯзи 14-уми майи имсол, бо талаби озод кардани ҳамаи зиндониёни Украина дар маҳбасҳои Русия, даст ба гуруснанишинӣ зад.

Дар моҳҳои охир беш аз 100 шахсияти шинохтаи фарҳангии ҷаҳон озодии Сентсовро талаб карданд. Онҳо аз мақомоти расмии Иттиҳоди Аврупо ва СММ дахост карданд, ки барои озодии фаврии коргардон Русияро таҳти фишор қарор диҳанд.

XS
SM
MD
LG