Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нодия Мурод барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд


Нодия Мурод - фаъоли ҳуқуқи башар аз Ироқ ва Денис Муквеге аз Конго, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шуданд. Ин ҷоиза ба Мурод ва Муквеге барои муборизаи онҳо бар зидди зӯроварии ҷинсӣ ва истифодаи ин ҷиноятҳо ба ҳайси силоҳ дар низоъҳои мусаллаҳона тақдим шуд.

Нодия Мурод як духтари язидӣ аз аввалин қурбониҳои таҷовузи ҷинсӣ буд, ки аз минбарҳои баланди байналмилалӣ дар бораи таҷовузи ҷинсии қавли язидӣ аз ҷониби ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" гуфт.

Денис Муквеге дар Конго бо таъсиси клиникаи вижаи кӯмак ба занони қурбонии таҷовузҳои ҷинсии гурӯҳӣ маъруф шуд. Аксар муштариҳои ӯ заноне мебошанд, ки аз ҷониби силоҳбадастону ҷангҷӯён таҷовуз шуда, қурбонии ихтилофҳои низомии қавмҳои даргир дар ин кишвари африқоӣ шудаанд.

Исми барандаҳои ҷоизаи сулҳро рӯзи 5 октябр масъулони Кумитаи Нобел дар шаҳри Осло эълон карданд. Ин ҷоиза ҳар сол барои шахсиятҳое тақдим мешавад, ки барои сулҳ бештар аз ҳама талош кардаанд. Соли гузашта Маъракаи байналмилалии мубориза бо силоҳҳои ҳастаӣ барандаи ин ҷоиза шуд.

Имсол аъзои кумитаи Нобел аз миёни 331 номзад - 216 шахсият ва 115 созмон ду нафарро барандаи ҷоиза эълон кард.

XS
SM
MD
LG