Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амволи наздикони сарвазири пешини Қирғизистон мусодира мешавад"


Сафар Исоқов
Сафар Исоқов

Вакили мудофеи Сафар Исҳоқов, сарвазири пешини Қирғизистон, мегӯяд, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон кӯшиш дорад, амволи наздикони зерҳимояашро мусодира кунад.

Ба гуфтаи Нурбек Тоқтакунов, КДАМ натавонист ягон ширкати офшорӣ, ҳисобҳои пинҳонии бонкӣ ва тилоҳои Исҳоқовро пайдо кунад. "Барои он ки Сафар Исҳоқов инҳоро надорад", - афзуд ӯ.

"Онҳо тасмим гирифтанд, амволи наздикони Исҳоқовро ба ҳабс гирифта, ба ҷомеа бирасонанд, ки пулҳоро пайдо карданд ва сипас мусодира кунанд. Ҳоло хонаеро нарх гузоштанианд, ки дар он ҳамсари Исҳоқов бо чаҳор кӯдакаш зиндагӣ мекунад ва ҳамчунин хонаи волидони ҳамсари Исҳоқовро, ки бо пули маоши худ харидаанд, мехоҳанд, ҳабс кунанд", - навишт вакили дифоъ дар Фейсбук.

Сухангӯи КДАМ Роҳат Сулаймонов дар навбати худ гуфт, санҷиши парвандаи Сафар Исҳоқов идома дорад, вале дар бораи ҳабси амволи наздикони сарвазири пешин чизе нагуфт.

КДАМ рӯзи 5-уми июн Сафар Исҳоқовро дар доираи парвандаи "Навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек" боздошт кард. Ӯ ба "ҳимояи ширкатҳои хориҷӣ" бар зарари ҳукумат айбдор мешавад. Исҳоқов айбномаро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG