Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финали қаҳрамонии Осиё баромад


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия бар тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 7-6 (ҳисоби замони асосӣ -1-1) пирӯз шуд ва ба финал баромад.

Дар финал Тоҷикистон бо Ҷопон барои унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон рақобат мекунанд.

Ин бозӣ шаби панҷшанбе, 4-уми октябр, дар варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпур ба поён расид. Ҳисобро дар дақиқаи 2-юми дидор бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Озодбек Панҷиев боз намуд. Ӯ тӯбро аз масофаи наздик ба тӯри дарвозаи кореягиҳо равон кард.

Дар дақиқаи 39-ум бозигари мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Ён Сук-Ҷу тӯби аз кунҷи майдон задаи ҳамдастаашро аз масофаи наздик бо зарбаи сар ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон зад.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум кард. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметрӣ футболбозони навраси тоҷик маҳорати баланд зоҳир карда, бо ҳисоби 7-6 пирӯз шуданд. Зарбаи ҳафтуми бозигари кореягиҳо Сон Ҳонг Ҷуро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов баргардонд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки 4-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил барпо гардид, мунтахаби Ҷопон тими Австралияро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ҳисобро бозигари австралиягиҳо Ботик дар дақиқаи 8-уми дидор кушод. Вале дар нимаи дуюми бозӣ ҷопониҳо се гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд. Ду голро Тояама (дақиқаҳои 59-ум ва 69-ум) ва як голи дигарро Мито (дақиқаи 78-ум) ба самар расонданд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии чорякниҳоии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия, ки рӯзи 30-юми сентябр баргузор шуд, бар тими Кореяи Шимолӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ – 1:1) ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Инчунин, футболбозони навраси тоҷик соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардиданд, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.

Ба ин тартиб, дар финал Тоҷикистон бо Ҷопон 7-уми октябр барои унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола:

Нимфинал

ТОҶИКИСТОН – КОРЕЯИ ҶАНУБӢ – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 7:6

Голҳо: Озодбек Панҷиев, 2 (1:0). Юн Сук Чжу, 39 (1:1).

Силсилаи пеналтӣ: Чжеонг Сангбин – 0:1. Шарифбек Раҳматов – 1:1. Ли Таесеок – 1:2. Ҷонибек Шарипов – 2:2. Ли Чжунсук – 2:3. Иброҳим Зокиров – 3:3. Ҳонг Сунгвук – 3:4. Озодбек Панҷиев – 4:4. Мун Чжунҳо – 4:5. Рустам Соиров – 5:5. Юн Сук Чжу – 5:6. Шоҳрух Сангов – 6:6. Сон Ҳо Чжун – 6:6 (дарвозабон баргардонд). Муҳаммадрасул Лутфуллоев – 7:6.

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Муҳхаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров (Шоҳрух Сангов, 46), Ҳамадонӣ Камолов, Озодбек Панҷиев, Ислом Зоиров (Шарифбек Раҳматов, 90+3), Рустам Соиров, Суннатулло Исмоилов (Иброҳим Зокиров, 67).

Огоҳӣ: Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов (Тоҷикистон).

Бозигари беҳтарини дидор: Муҳриддин Ҳасанов (Тоҷикистон).

Сардовар: Муҳаммад Назмӣ Насруддин (Малайзия).

Нозири доварон: Етскуко Фукано (Ҷопон).

Комиссари бозӣ: Жао Чао (Чин).

4 октябр. Селаргон. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая». 100 тамошобин.

ҶОПОН – АВСТРАЛИЯ – 3:1

Голҳо: Ноаҳ Ботич, 8 – аз пеналтӣ (0:1). Шоҷи Тояма, 59 (1:1). Шоҷи Тояма, 69 (2:1). Мито Шунсуке, 78 (3:1).

Сардовар: Умар Муҳаммад Аҳмад Ҳасан Ал-Алӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Нозири доварон: Санкар Комалисваран (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Ричард Ҷосон (Филиппин).

4 октябр. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил. 224 тамошобин.

Финал
7-уми октябр (якшанбе)
17:45 – Ҷопон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил
Эзоҳ: замони оғози бозӣ ба вақти Душанбе.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни наврасони зери 16-сола аз соли 1985 барои бори 18-ум баргузор шудааст. Ин мусобиқа, инчунин мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон (U-17) маҳсуб мешавад.

Дастаҳои мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Ҷопон, Умон, Кореяи Шимолӣ дуборӣ ва тимҳои Қатар, Тайланд, Эрон, Узбекистон ва Ироқ якборӣ ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудаанд.

Соли 2016 дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасони зери 16-сола, ки дар Ҳиндустон баргузор шуд, мунтахаби Ироқ бар тими Эрон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 (ҳисоби замони асосӣ – 0:0) ғолиб омада, қаҳрамони Осиё гардид. Дастаҳои Ҷопон ва Кореяи Шимолӣ нимфиналистони ин мусобиқа буданд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2006 дар Сингапур барпо гардид, барои ҷойи севум бар тими Сурия аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуда, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардида буд. Вале аз соли 2008 бозӣ барои ҷойи сеюм гузаронида намешавад.

Дар мусобиқаи соли 2006 мунтахаби Ҷопон, ки тими Кореяи Шимолиро дар замони иловагӣ бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

XS
SM
MD
LG