Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Ҷанубӣ – рақиби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии  қаҳрамонии Осиё


Рақиби мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ гардид.

Дастаи мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубӣ (U-16) дар бозии даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки рӯзи 1-уми октябр дар варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпур доир шуд, тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Ҷенг Санг-Бин дар дақиқаи 69-уми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Бозии дигари чорякниҳоӣ 1-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили пойтахти Мадайзия миёни дастаҳи мунтахаби наврасони Индонезия ва Австралия бо ҳисоби 3:2 ба нафъи австралиягиҳо ба поён расид. Се голи мунтахаби Австралияро Даниел Валш (51), Адам Леомбруно (65) ва Ноаҳ Ботик (73) ба самар расонданд. Ду голи мунтахаби Индонезияро Сутан Ҳико (17) ва Ренди Ҷулиансяҳ (89) заданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар нимфинал 4-уми октябр дар варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая» бо тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат
мекунад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки 4-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил барпо мегардад, мунтахаби Ҷопон бо тими Австралия рӯбарӯ мешавад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии чорякниҳоии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия, ки рӯзи 30-юми сентябр баргузор шуд, бар тими Кореяи Шимолӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ – 1:1) ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Инчунин, футболбозони навраси тоҷик соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардиданд, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола:

Нимфинал
4-уми октябр (панҷшанбе)
13:30 – Ҷопон Австралия. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил
17:45 Тоҷикистон КореяиҶанубӣ. Варзишгоҳи «Петалингая»

Финал
7-
уми октябр (якшанбе)
17:45 – Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG