Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup") аз тими Фаластин бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Ин бозӣ таҳти раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев шоми имрӯз, 4-уми октябр дар пойтахти Бангладеш - шаҳри Дакка - баргузор шуд.
Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт»-и Силҳет барпо гардид, Ҷонатан Кантилана дар дақиқаи аввали дидор ҳисобро боз кард ва голи дуюмро Абдулатиф Баҳдарӣ дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расонд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Филиппин, Фаластин, Бангладеш, Непал ва Лаос иштирок доранд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва ба гурӯҳи «В» Филиппин, Бангладеш ва Лаос дохиланд.
Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду даста ба нимфинал мебароянд. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегиранд, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мегардад.
Мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш:
Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, Тоҷикистон.
Гурӯҳи«В»: Филиппин, Бангладеш, Лаос.
Тақвими бозиҳо:
Даври 1-ум
1 октябр (душанбе)
Бангладеш – Лаос – 1:0. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
2 октябр (сешанбе)
Непал – Тоҷикистон - 0:2. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
Даври 2-юм
3 октябр (чршанбе)
Филиппин – Лаос – 3:1. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
4 октябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Фаластин – 0:2. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
Даври 3-юм
5 октябр (ҷумъа)
17:30 – Бангладеш – Филиппин. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
6 октябр (шанбе)
17:30 – Фаластин – Непал. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
Нимфинал
9 октябр (сешанбе)
13:30 – ҷойи 1-уми гурӯҳи «А» – ҷойи 2-юми гурӯҳи «В». Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор
10 октябр (чоршанбе)
13:30 – ҷойи 1-уми гурӯҳи «В» – ҷойи 2-юми гурӯҳи «А». Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор
Финал
12 октябр (ҷумъа)
17:30 – Варзишгоҳи миллии Бангабанду, Дакка
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.
Аз 8 то 8,5. То охир судхои Точикистон рафтан даркор. Бад ба судхои аврупо, он чойхое, ки молу сарвати оила.
Сиесат албатта мавзуи печидааст ин коментнависо бисераш муболига мекунанд вале окибат хак ба хакдор расиданист. Чор панч вилояти точикнишини Узбакистон Худо хохад чудо мешаванд ва кишвари Согдиана е хамон Сугдиёнро бунёд мекунанд. Сабаби хануз баланд нашуданашон хам он хаст ки точикони Узбакистон натанхо аз точикони дигар кишвархо вазъи иктисодишон бехтар хаст балки аз узбакони узбакситон низ бехтару тозатар зиндаги мекунанд. Хамин ки шароит каме бадтар шуд вай каракалпах хиччи нест
Мирзиёев одами ниҳоят бомаданият, боинсоф ва сиёсатмадори хирадманду одил мебошанд. Ман боварӣ дорам ҳукумати Узбакистон ҳеҷ гоҳ бар зидди мардумаш тир холӣ нахоҳад кард, хуни касеро нахоҳад рехт. Тазоҳуроту митинг ҳаққи ҳалоли ҳар як фарди алоҳида, ҳар як гуруҳи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳаст. Бигзор мардум ҳуқуқи озодона фикри худро баён кардан дошта бошанд, бигзор гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ кунанд. Бигзор ҳукуматҳо дар роҳпаймоиву, гирдиҳамоиҳо ширкат кунанд, бо халқ бошанд. Ин ҳам вазъи хатарнокро оддӣ мекунаду ҳам ҳамдигарфаҳмии мардумро бо ҳукумат наздик.
Назаралиев Давлаталӣ Хизматович соли таваллудаш 1959 аз Барушон. Сохиби 4 фарзанд. Соли 1992 мохи декабр дар ш. Душанбе дар тарафи »нагорный» аз тарафи шахсони номаълуми силоҳбадаст Назаралиев Давлаталиро бо 2 нафар мард аз Язгулом бо зуроварӣ ба мошини савор карда ба самти номаълум бурдаанд.
Ҳами зиндона пури ҷавонон кардед ку? Лаеқата куштед, боз чи монд??