Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон мегӯяд, шабакаи байналмилалии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тариқи Қирғизистон ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ошкор кардааст.
Дар натиҷаи амалиёти маъмурони амниятии қирғиз, созмондиҳандаи шабака – шаҳрванди хориҷӣ Б. А. ҳангоми интиқоли 12,8 кило чарси афғонӣ шуд.
Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 25 сентябр ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ гуфт, кишвараш дар чорроҳаи қочоқи маводи мухаддир қарор дорад.
"Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд талошҳои муштаракро барои мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши инсон, силоҳ, пулшӯӣ ва сармоягузории терроризм пурзӯр кунанд. Ин барои мо хеле муҳим аст, чун дар чорроҳаи қочоқи маводи мухаддир қарор дорем. Мутаассифона чораҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар ин самт кофӣ нестанд. Бояд барои ҳалли мушкили мазкури минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир кард", - изҳор дошт Ҷеенбеков.