Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дахлнопазирии Отамбоев ғайриконститутсионӣ номида шуд


Нурбек Тоқтакунов
Нурбек Тоқтакунов

Палатаи конститутсионии Додгоҳи олии Қирғизистон даъвои ҳуқуқшинос Нурбек Тоқтакуновро баррасӣ кард, ки мегӯяд, меъёри дахлнопазирии президентҳои пешини ин кишвар ғайриконститутсионӣ эълон шаванд.

Ба гуфтаи Тоқтакунов, Палатаи конститутсионӣ банди 12 (Дар бораи кафолати фаъолияти президент)-и қонуни дахлнопазирии президентҳои пешини Қирғизистонро ғайриконститутсионӣ номид.

"Агар бо забони одӣ бигӯем, палата гуфт, банди мазкур хилофи Конститутсия аст. Зеро дар он раванди маҳрум шудан аз дахлнопазирӣ оварда нашудааст. Масъулони палата ҳамчунин аз вакилони порлумон хостанд, ки ба қонун раванди бекор кардани дахлнопазирии президентҳои пешинро ворид созанд ва он набояд аз раванди эълони нобоварӣ ба президент мушкилтар бошад", - афзуд ҳуқуқшиноси қирғиз.

Палатаи конститутсионии Қирғизистон даъвои Тоқтакуновро моҳи июли соли 2018 барои баррасӣ гирифт.

Ҳуқуқшиноси қирғиз мегӯяд, дахлнопазирии комили президентҳои пешин хилофи Конститутсия ва меъёри баробарии ҳама дар назди қонун аст.

XS
SM
MD
LG