Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА паймони "Дӯстӣ" -и даҳсолаҳо пеш бо Эронро лағв кард


Майк Помпео
Майк Помпео

Ба дунболи шикояти Теҳрон ба Додгоҳи байналмилалӣ аз рӯи сиёсати таҳримҳои Вашингтон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико "Паймони дӯстӣ" бо Эронро, ки соли 1955 имзо шуда буд, лағв кард. Қарори лағви "Паймони дӯстӣ"-ро Котиби давлатии Амрико Майк Помпео рӯзи 3-юми октябр эълон кард ва гуфт, ки ин қарор бояд 39 сол пеш лағв мешуд.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбе Додгоҳи аршади Созмони Милали Муттаҳид ба ИМА амр кард, ки таҳримҳои зидди Эронро сабуктар кунад.

Амрико моҳи май аз созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки соли 2015 имзо шуд, берун рафт ва таҳримҳои зидди Теҳронро дубора эҳё кард.

Додгоҳи байналмилалӣ амр кард, ки борҳои башардӯстона, аз қабили мавод ва таҷҳизоти тиббӣ, ғизо, колоҳои кишоварзӣ ва ҳамчунин таҷҳизоти марбут ба амнияти ҳавонавардӣ бояд ба Эрон ворид шаванд.

Қарор мегӯяд, ки таҳримҳои ИМА ба мавод ва таҷҳизоти номбурда, "Паймони дӯстӣ", равобити иқтисодӣ ва ҳуқуқи консулӣ дар байни Эрон ва Амрикоро нақз мекунад.

Майк Помпео гуфт, Додгоҳи байналмилалии Гаага аз салоҳияти тасмимгирӣ дар баробари таҳримҳои Амрико, ки аз манфиатҳои муҳими амниятиаш ҳимоят мекунад, бархӯрдор нест. Ӯ қарори додгоҳро "нороҳаткунанда" унвон кард.

XS
SM
MD
LG