Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз додрасе, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ муттаҳам шуд, пуштибонӣ кард


Бретт Кавано

Президенти ИМА Доналд Трамп аз номзад ба мақоми додраси Додгоҳи Олӣ Бретт Кавано қотеона пуштибонӣ ва аз Сенат даъват кард, ки номзадро ба овоз гузорад. Номзадии пешниҳодии Трамп ба Додгоҳи Олӣ Бретт Кавано, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ муттаҳам шудааст, рӯзи 27 сентябр дар Сенат бозпурсӣ шуд.

"Додгустар Кавано ба Америка дақиқан собит, ки чаро ман номзадии ӯро ба ин мақом пешниҳод кардам. Посухҳои ӯ неруманд, содиқона ва таъсирбахш буданд",- навишт Трамп рӯзи 27 сентябр дар твиттер.

Трамп демократҳои мухолиф ба номзадиии Кавано ва иттиҳомоти бадахлоқии ҷинсӣ алайҳи ӯро "дуруғи маҳз, ва талоши мутавақиф кардани райъдиҳӣ" номид ва гуфт "Сенат бояд овоз диҳад!".

Се зан Бретт Каваноро ба бадахлоқии ҷинсӣ муттаҳам карданд ва як нафари онҳо - профессор Кристин Форд рӯзи гузашта дар кумитаи Сенат шоҳидӣ дод. Ӯ иддао дорад, ки 30 сол пеш, замоне, ки ҳарду дар синфҳои болоӣ таҳсил мекарданд, Кавано мехост ӯро таҷовуз кунад.

Бретт Кавано, додгустари муҳофизакор, ки гуфта мешавад интихоби якумрии ӯ ба Додгоҳи Олӣ ин ниҳоди муҳимро метавонад ростгаро кунад, иттиҳомро гоҳ бо хашм ва гоҳ бо ашк қотеона рад кард.

"Ман имрӯз дар ҳузури Сенат ва мардум, дар ростои хонаводаам, дар ростои парвардигор савганд мехурам, ки "ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ кас, на дар мактаб, на дар донигоҳ ҳеҷ гоҳ бадахлоқии ҷинсӣ накардаамм",- гуфт додгустар.

Мисли одамони дигар дар саросари ҷаҳон, Трамп низ бахши умдаи рӯзашро ба тамошои бозпурсии Кавано дар Сенат, ки даҳҳо шабакаи телевизионӣ пахши зиндаи онро таъмин карданд, сипарӣ намуд.

XS
SM
MD
LG