Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Трамп натавонист Эронро дар инзиво қарор диҳад


Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ
Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ

Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, ки талошҳои президенти ИМА Доналд Трамп барои дар инзиво қарор додани Эрон барҳадар рафт ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъватҳои ӯро нодида гирифт.

"Ҳеҷ кас аз Иёлоти Муттаҳида пуштибонӣ накард ва Амрико дар мавқеи нодири таърихии инзиво қарор гирифт", - гуфт Рӯҳонӣ ба хабарнигорон рӯзи 27-уми сентябр, баъди бозгашт аз Ню-Йорк.

Трамп дар суханрониаш Эронро ҳамчун кишвари "фасодкори диктаторӣ", ки ба гуфтаи ӯ, раҳбаронаш дар саросари Ховари Миёна тухми нифоқу низоъ ва бесуботӣ мекоранд, танқид кард.

Аммо ба гуфтаи Рӯҳонӣ, интизороти Трамп аз суханронӣ дар Маҷмаи умумии СММ ва Шӯрои амнияти СММ, рӯзи 26-уми сентябр, бароварда нашуд. Ба гуфтаи ӯ, баръакс 14 кишвар ё ба таври ошкор ё пинҳонӣ аз "созиши ҳастаӣ"-и қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон пуштибонӣ кард. Вашингтон моҳи май аз ин созиш хориҷ шуд ва Эронро дубора таҳрим кард. Трамп иддао кард, ки созиши соли 2015 наметавонад аз рушди барномаҳои ҳастаии Эрон ҷилавгирӣ кунад ва талаб кард, ки ин санад бознигарӣ шавад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо тамасхур гуфт, вақте Трамп дар оғози суханрониаш дар СММ аз муваффақияти кори дусолаи маъмурияташ бисёр ситоиш кард, ҳозирон ба ҳоли ӯ хандиданд. Ӯ афзуд, ки дар вазъияти феълӣ ба ҷуз як-ду кишвар дигар касе аз ИМА пуштибонӣ намекунад.

Кохи Сафед то ҳол ба танқидҳои Рӯҳонӣ вокуниш накардааст. Аммо баъди суханронӣ дар СММ, Трамп хандаи ҳозиринро дар ҷараёни суханрониаш шарҳ дод ва гуфт, онҳо ба ӯ нахандиданд, балки якҷо бо ӯ хандиданд.

XS
SM
MD
LG