Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Шахсияти гумонбари севуми ҳамла ба Скрипал муайян шуд


"Александр Петров" ва "Руслан Боширов" дар навори дурбинҳои шаҳри Солсбери. 4 марти соли 2018
"Александр Петров" ва "Руслан Боширов" дар навори дурбинҳои шаҳри Солсбери. 4 марти соли 2018

Хадамоти махсуси Бритониё шахсияти гумонбари севум дар қазияи заҳролудшавии корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлияро муайян кард.

Нашрияи The Telegraph рӯзи 27-уми сентябр навишт, ки нафари сеюм афсари иктишофии Русия буда, чанд рӯз пеш аз ҳамтоёни худ ба шаҳри Солсберӣ рафтааст. Расона ному насаби гумонбари севумро ифшо намекунад. Ӯ гӯё дар тарҳрезӣ ва созмон додани сӯиқасд ба ҳамкоронаш кумак кардааст.

Пулиси Бритониё ду нафарро бо номҳои "Руслан Боширов" ва "Александр Петров" дар заҳролудсозии Скрипалҳо айбдор мекунад. 13-уми сентябр ду мард дар суҳбат бо телевизиони русии RT худро Петров ва Боширов номида, гуфтанд, онҳо шаҳрвандони мулкии Русия буда, бо хадамоти иктишофии ин кишвар робитае надоранд ва ба Солсберӣ барои тамошои калисое рафта буданд.

Баъд аз он "Боширов" ва " Петров" дигар бо расонаҳо суҳбат накарданд ва маҳалли будубоши онҳо низ дар ҳоли ҳозир маълум нест.

Вале муҳаққиқони расонаҳои Bellingcat ва The Insider ахиран шахсияти аслии "Руслан Боширов"-ро шиносоӣ карданд. Онҳо мегӯянд, ки ӯ полковники Раёсати иктишофии Русия Анатолий Чепига аст.

Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлияро 4 марти имсол дар шаҳри Солсбери дар ҳоли беҳушӣ пайдо карданд. Британия мегӯяд, ки падару духтарро бо истифода аз гази фалаҷкунандаи "Новичок", ки дар Шӯравии собиқ истеҳсол мешуд, заҳролуд карданд.

Мақомоти Маскав даст доштани худро дар қазияи Скрипалҳо борҳо рад карда, аз мақомоти Бритониё талаб доранд, ки мутахассисони русро ба раванди тафтишот роҳ диҳад.

XS
SM
MD
LG