Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роҳу мактаб нест, об шӯр аст... бунгоҳи тиббӣ надорем" ВИДЕО


Даврон имсол бори аввал ба мактаб рафт. Ӯ аз ҳамсолонаш фарқ мекунад. Даврони 7-сола дар 2-солагӣ фалаҷ шуд ва пояш мелангад. Аммо барои ба мактаб рафтан шитоб мекунад, то аз муаллим сарзаниш нашунавад.

Дар роҳ сагҳо ба сӯи одам медаванд. Метарсам, вале боз роҳро идома медиҳам. Баъзан дер мемонам, муаллим ҷанг мекунад.

Ин сокини деҳаи дурдасти ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ), 170-километрии ҷануби Душанбе, дашти панҷкилометриро дар як рӯз ду дафъа тай мекунад ва ба дарс меравад. Ӯ дар басти дувум мехонад ва барои расидан ба дарс, ки соати 12 оғоз мешавад, соати 9-10 аз хона мебарояд.

"Пойҳоям пури лой мешаванд"

Дар деҳаи Ваҳдат 300 нафар зиндагӣ мекунад. Онҳо 10 сол пеш дар ин деҳкада замин гирифтанд ва аз рустоҳои атроф ба инҷо кӯч бастанд, вале ҳоло ин деҳа пурра обод нашудааст. 30 талаба ҳамарӯза роҳи тӯлониро аз миёни пахтазор, санглох ва ҳавзҳои об сипарӣ мекунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

На роҳу мактаб ва на обу бунгоҳи тиббӣ. Зиндагӣ дар як деҳаи Дӯстӣ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:15 0:00

Даврон мегӯяд, убури дашт махсусан ҳангоми субҳ хатар дорад. “Дар роҳ сагҳо ба сӯи одам медаванд. Метарсам, вале боз роҳро идома медиҳам. Баъзан дер мемонам, муаллим ҷанг мекунад. Панҷ километр дур аст. То мерасам, ки дарси аввал тамом шудааст. Боз пойҳоям пури лой мешаванду пур аз хок”, - нақл кард ӯ.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:56 0:00
Линки мустақим

Даврон дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати Ҷилликӯли ноҳияи Дӯсти танҳо кӯдаке нест, ки чунин мушкил дорад. Хоҳарон Мадинаю Маърифат низ барои дер накардан ба дарс шитоб мекунанд.

Даврон
Даврон

"Метарсем, вале чораи дигар надорем"

Маърифати даҳсола дар синфи севум мехонад ва дар ин роҳи беодам аз хоҳари 7-солааш муроқибат мекунад. “Ман ин роҳи тӯлониро тай карда, ба мактаб меравам. Роҳамон, воқеан, дур аст. То аз мактаб меоем, ки дер мешавад ва модарам ҷанг мекунад. Хаста мешавам, азбаски аз даруни об мегузарем, доим пойҳоямон тар мешавад”, - гуфт Маърифат.

Гулистон Муродова, модари Мадина ва Маърифат мегӯяд, бо тарс фарзандонашро ба дарс равон мекунад, чун кӯдаконаш аз роҳи тӯлонӣ ва сангин мегузаранд. Ӯ рӯзи 27-уми сентябр гуфт, “ташвиш мешавем, вале чораи дигар надорем. Борҳо муроҷиат кардем, ки ба мо кумак кунанд.”

Ин зан гуфт, ки кӯдакон дар ин роҳи тӯлонӣ бо сару либоси пур аз хоку чанг ба мактаб мераванд ва аз муаллим гап мешунаванд. “Дар шароити набудани об ҳар рӯз шустани либосҳои мактабӣ боз як дарди сари дигар аст”, - мегӯяд Гулистон Муродова.

"Об шӯр аст, бунгоҳи тиббӣ нест"

Мушкили мактаб дар деҳаи дурдасти ноҳияи Дӯстӣ ягона мушкили онҳо нест. Набуди об ва бунгоҳи тиббӣ аз мушкили дигари сокинон аст. Онҳо мегӯянд, дар ин бора борҳо ба мақомот муроҷиат кардаанд, вале натиҷа надода ва касе ба онҳо кумак намекунад.

Оби назди хонаи сокинон, ки бо дастгоҳ кашонда мешавад, шӯр аст ва барои нӯшидан ва ҷомашӯӣ қобили истифода нест. Беморонро бо мошину ароба ба бунгоҳи тиббии деҳоти дигар мебаранд. Деҳа на табиб дорад ва на бунгоҳ.

Сафархӯҷа Абдураҳмонов, кирокаше, ки моро ба деҳаи Ваҳдат расонд, мушкили сокинонро хуб медонад. Ӯ мегӯяд, ки ҳудуди 10 соли ахир мардум азоб доранд ва зиндагияшон сангин аст: “Дар инҷо роҳ нест. Аз миёни қамишзор гузашта, ба дарс мераванд. Чанд бор омада, шароити мардумро диданд, вале ҳеҷ мушкил ҳал нашуд. Симчӯб нест. Бунгоҳи тиббӣ нест.”

Мудири маориф хост, қазияро санҷанд

Тақозои сокинон дар марҳилаи аввал бунёди як мактаб аст. Зеро роҳи тӯлонӣ хоҳиши дарсхонии бачаҳоро мекушад ва онҳо дар оянда бесавод мемонанд. Дар ҳамин ҳол, мутахассиси идораи маорифи ноҳияи Дӯстӣ рӯзи 27-уми сентябр аз фаъолияти идора ситоиш кард ва гуфт, дар 20 соли охир ҳудуди 20 муассисаи таълимӣ сохтаанд. Аммо аз вазъи хонандагони деҳаи Ваҳдат изҳори бехабарӣ кард.

Ҷаббор Абдураҳимов, мудири маорифи ноҳияи Дӯстӣ, рӯзи 27-уми сентябр ба мо гуфт, ки баъди боздиди хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ин деҳкада онҳо аз раиси ҷамоат хостанд, санҷиш гузаронда ва аз вазъи талабаҳо ҳисобот пешниҳод кунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, эҳтимол барои талабаҳои синфҳои ибтидоӣ як мактабаи начандон бузург созанд.

Мо ба сокинони деҳаи Ваҳдат ваъда додем, ки баъди чанд муддат дубора ба ин мавзеъ бармегардем ва аз ҳоли онҳо хабар мегирем.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG