Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбарони куштори журналисти словак Ян Кучак


Намоиши эътирозии баъди куштори журналист Ян Кутсиак SLOVAKIA -- A banner reading 'You criminals kill democracy' is pictured at a rally called 'Let's stand for decency in Slovakia' in Bratislava, Slovakia, 16 March 2018
Намоиши эътирозии баъди куштори журналист Ян Кутсиак SLOVAKIA -- A banner reading 'You criminals kill democracy' is pictured at a rally called 'Let's stand for decency in Slovakia' in Bratislava, Slovakia, 16 March 2018

Мақомоти Словакия гумонбарои куштори рӯзноманигори таҳқиқотгар Ян Кучак ва дӯстдухтари ӯ Мартина Кушнироваро боздошт карданд. Дар ин бора пулиси Словакия рӯзи панҷшанбе дар Фейсбук хабар пахш кард.

Ба гуфтаи матбуот, бо гумони ин куштор то ҳол ҳашт нафар боздошт шудааст, ки яке аз онҳо муфаттиши пулис аст. Исми муттаҳамон то ҳол ошкор нашудааст.

Нашрияи Dennik N- чопи Словакия бо такя ба манбаҳояш менависад, дар амалиёти боздошти гумонбарҳо аксҳои моҳвораӣ истифода шуд, ки Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар ихтиёри мақомот гузошт.

Рӯзноманигор Ян Кучак рӯзи 25 феврал ҳамроҳи дӯстдухтараш Мартина Кушнирова дар маҳалли зисташ кушта шуд. Чанд рӯз баъди ҳодиса вазири фарҳанги Словакия Марек Мадарич истеъфо дод. "Ман ҳамчун вазир наметавонам қабул кунам, ки дар замони сари вазифа будани ман рӯзноманигореро куштанд", - гуфт Мадарич.

Сабаби куштори рӯзноманигор то ҳол маълум нест, вале ҳамкоронаш мегӯянд, Кучакро барои гузориши таҳқиқотияш куштанд. Рӯзноманигор ахиран нуфузи мафияи итолиёиро ба ҳукумати Словакия таҳқиқ мекард. Аз ҷумла, ӯ сарвазири Словакия Роберт Фитсоро дар робита доштан бо соҳибкорони наздик ба як мафияи итолиёвӣ айбдор карда буд.

XS
SM
MD
LG