Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли ду корманди пулис дар Алмато бо куштор анҷомид


Пулиси қазоқ дар яке аз кӯчаҳои Остона. Акс аз бойгонӣ
Пулиси қазоқ дар яке аз кӯчаҳои Остона. Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон як корманди пулис дар пайи захме, ки аз тири силоҳи ҳамкори худ бардошта буд, дар бемористон ҷон бохт.

Вазири умури дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов рӯзи 27 сентябр дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ин ду корманди пулис бо ҳам хешутабор буданд. Ба гуфтаи вазир, маъмури пулиси навбатдор бо шавҳари хоҳари худ муноқиша кард ва ба сӯи ӯ оташ кушод.

"Дар натиҷа корманди пулис соати 20:00 дар беморхона ҷон бохт", - гуфт Қосимов пеш аз ҷаласаи сенати Қазоқистон дар Остона.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи банди "Куштор" парванда боз шуда, ҳамзамон қазияро Идораи амнияти дохилии худи вазорат таҳқиқ мекунад.

"Мутаассифона, табибон натавонистанд, ҷони корманди пулисро, ки дар пайи муноқиша аз сӯи ҳамкори худ паронда шуд, наҷот диҳанд. Бо вуҷуди ҷарроҳӣ ва талошҳои табибон ӯ дишаб ҷон дод", - иқтибос овардаанд расонаҳои маҳаллӣ аз суханони намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Алмос Садубоев.

XS
SM
MD
LG