Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми федеролии захиравии ИМА шохиси баҳраро боло бурд


Низоми федеролии захиравии Амрико ҳаҷми бунёдии баҳраҳоро аз 1,75–2 то ба 2–2,25 дарсади солона боло бурд. Дар ин бора рӯзи 26-уми сентябр сомонаи ниҳоди мазкур хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, болоравии ҳаҷми фоизҳо ба рушди иқтисоди Амрико ва коҳиши сатҳи бекорӣ дар ин кишвар рабт дорад.

Ба назари коршиносон, афзоиши баҳра метавонад ба поинравии қурби рубл сабаб шуда, ба даромади кишварҳои дигар – содиркунандаҳои ашёи хом – таъсири манфӣ расонад.

Қурби рубл феълан, дар пасманзари гароншавии нафт, боло меравад. Арзиши як бушка нафти навъи Brent аз марзи 80 доллар гузашт, ки аз моҳи ноябри соли 2014 баландтарин нишондод аст.

XS
SM
MD
LG