Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токон Мамитов омбудсмени нави Қирғизистон шуд


Токон Мамитов
Токон Мамитов

Вакилони порлумони Қирғизистон Токон Мамитовро омбудсмен ё ваколатдори нави ҳуқуқи инсон дар ин кишвар интихоб карданд. Мамитов дар гузашта муовини нахуствазири Қирғизистон буд ва дар баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҳайати кишварашро раҳбарӣ мекард.

Аз номзадии Мамитов 79 вакил ҷонибдорӣ карданд.

Ҷамъан 5 кас - Токон Мамитов аз Ҳизби сотсиал-демократ, Канатбек Азиз аз Ҳизби "Ота-Макон", Рискул Бактибоев, Маматурайим Момунов ва Рита Карасартова аз Ҳизби "Бир Бол"-и Қирғизистон номзадии худро ба мақоми омбудсмен пешниҳод карда буданд. Момунов номзадиашро бозпас гирифт.

Мамитови 64-сола аз соли 1992 то соли 2010 дар ниҳодҳои қудратӣ ва дастгоҳи президенти Қирғизистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Пас аз соли 2010 вакили порлумон, раиси Хадамоти марзбонӣ, раиси вилояти Иссиқкӯл, мудири иҷроияи ширкати "Қирғизолтин" ва раиси Ассамблеяи мардумии Қирғизистон буд. Дар ҳоли ҳозир, мушовири сарвазири ин кишвар аст.

Омбудсмени пешини қирғиз Кубат Оторбоев 26-уми июн бо хоҳиши худ аз мақомаш канор рафт. Бар асоси қонунгузорӣ, омбудсмени нав бояд баъд аз истеъфои ваколатдори пешин дар давоми як моҳ интихоб шавад. Номзадҳоро ҷиноҳҳои порлумонӣ пешниҳод карда, интихобот аз тариқи раъйдиҳии умумӣ баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG