Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bellingcat: "Боширов" полковники Раёсати иктишофии Русия аст


"Руслан Боширов", ки мақомоти Бритониё як шаҳрванди Русияро бо ин ном дар заҳролудсозии афсари пешини рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия айбдор мекунанд, номи мустаори полковники Раёсати иктишофии Русия Анатолий Чепига будааст.

Дар ин бора сомонаҳои Bellingcat ва The Insider дар натиҷаи як таҳқиқоти муштарак хабар доданд. Бино ба иттилои таҳқиқотчиён, гумонбар дар заҳролудсозии Скрипалҳо қаблан бо унвони "Қаҳрамони Русия" низ қадрдонӣ шудааст.

Bellingcat ба чанд манбаи наздик ба "Боширов" истинод мекунад. Таҳқиқотгарон ҳамчунин ҷузъиёти шарҳи ҳоли гумонбарро нашр кардаанд.

Ӯ дар гурӯҳи махсуси рақами 14-и нирӯҳои Хабаровск хидмат карда, дар ҷанги дувуми Чеченистон нақши калидӣ доштааст ва охирҳои соли 2014 дар наздикиҳои марзи Русия ва Украина дида шудааст.

"Руслан Боширов" соли 2010 баъд аз он пайдо шуда, ки полковник он замон бо ин ном шиноснома гирифта, ба Маскав рафтааст. Унвони "Қаҳрамони Русия"-ро ба ӯ соли 2014 додаанд. Номи Чепига ва хабари бо ин унвон қадрдонӣ шудани ӯ дар сомонаи Омӯзишгоҳи ҳарбии Шарқи Дури Русия омадааст. Рӯзноманигорон шахси монанд ба "Боширов"-ро дар аксҳои хатмкунандагони омӯзишгоҳи мазкур пайдо карданд.

Пулиси Бритониё ду нафарро бо номҳои "Руслан Боширов" ва "Александр Петров" дар заҳролудсозии Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар шаҳри Солсберӣ айбдор мекунад. 13-уми сентябр ду мард дар суҳбат бо телевизиони русии RT худро Петров ва Боширов номида, гуфтанд, ба Солсберӣ барои тамошои калисое рафта буданд. Баъд аз он "Боширов" ва " Петров" дигар бо расонаҳо суҳбат накарданд ва маҳалли будубоши онҳо низ дар ҳоли ҳозир, маълум нест.

Дертар президенти Русия Владимир Путин ҳам гуфт, Петров ва Боширов сокинони мулкии кишвараш ҳастанд. Москва даст доштани худро дар қазияи Скрипалҳо борҳо рад карда, аз мақомоти Бритониё талаб дорад, ки мутахассисони русро ба раванди тафтишот роҳ диҳад.

XS
SM
MD
LG