Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои "Сайди Тагноб" бо писари раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон. САДО


Морхурҳо дар чанд ноҳияи Тоҷикистон сукунат

Ҷамъияти шикории “Сайди Тагноб” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иддао дорад, ки ширкати марбут ба Муҳаммад Мирзоалиев, писари Комил Мирзоалиев, раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳудуди замини шикоргоҳашро аз худ кардааст. Комил Мирзоалиев соли 2014 раиси ширкати Роҳи оҳан таъйин шуд.

Шикоятам ин аст, ки писари як мансабдор аз Душанбе меояд ва кори як ширкати маҳаллиро ба мушкил гирифтор мекунад.

Ҳаким Абдулҳаев, раиси ҷамъияти шикории “Сайди Тагноб”, рӯзи 26-уми сентябр гуфт, як сол боз барои пас гардонидани ҳудуди 700 гектар заминаш, ки макони зиндагии бузи нодири морхӯр аст, бо Муҳаммад Мирзоалиев баҳс дорад. Ҳоло ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдааст.

Комил Мирзоалиев, раиси Идораи роҳи оҳан
Комил Мирзоалиев, раиси Идораи роҳи оҳан

Муҳаммад Мирзоалиев, писари раиси Идораи Роҳи оҳан соли 2017 дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) ҷамъияти шикории “Шоҳин-М”-ро таъсис дод. Масоҳати замини ҷамъияти ӯ беш аз 21 ҳазор буда, бузургтарин шикоргоҳи бузи морхӯр дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Аввали соли равон, ҷамъияти “Морхӯр” ва “Сайди Тагноб”, ки 20 сол боз фаъолият доранд, аз болои ширкати “Шоҳин-М” ба Оҷонсии давлатии ҷангал шикоят бурданд ва гуфтанд, ки ин созмон бо ғасби заминҳои онҳо шикоргоҳ таъсис додааст.

Оҷонсии ҷангал, ки ин заминҳоро ба хоҷагиҳои шикорӣ иҷора медиҳад, моҳи январ дар посух ба аризаи ин ду ширкат таъсиси шикоргоҳи “Шоҳин-М”-ро ғайриқонунӣ донист, вале баъди чанде қарорашро барои барҳам додани ин ҷамъият тағйир дод.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00
Линки мустақим

Дар идораи Оҷонсии хоҷагии ҷангал рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъули ҷамъияти “Шоҳин-М” баъдан санадҳоеро пешниҳод кард, ки фаъолияти қонуниашро тасдиқ мекард.

Туйчӣ Икромов, раиси ҷамъияти “Морхӯр” рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қисме аз заминашро ба ширкати “Шоҳин-М” дод ва ҳоло дигар даъво надорад.

"Вақте писари мансабдор аз Душанбе омад..."

Аммо Ҳаким Абдулҳаев, раиси ҷамъияти “Сайди Тагноб” рӯзи 26-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷамъияти шикории “Шоҳин-М” на танҳо қисме аз заминашро гирифтааст, балки як квотаи шикори бузи морхӯрро низ аз ӯ гирифтааст.

Инҷо яке аз маконҳои сукунати морхӯр аст.
Инҷо яке аз маконҳои сукунати морхӯр аст.

“Зиёда аз даҳ сол мешавад аз ин ҳисоб худ бо 20 нафар коргар зиндагӣ пеш мебурдем. Аммо Муҳаммад Мирзоалиев бо истифода аз номи падараш ҷойи асосии шикоргоҳамро гирифт. Шикоятам ин аст, ки писари як мансабдор аз Душанбе меояд ва кори як ширкатро, ки мардуми маҳал таъсис додааст, ба мушкил гирифтор мекунад. Зиёда аз 5 ҳазор гектар замин дорам, лекин дар ҳамин 700 гектараш асосан шикор кардан имкон дорад” -гуфт Ҳаким Абдулҳаев.

Муҳаммад Мирзоалиев, раҳбари ҷамъияти “Шоҳин-М” рӯзи 26-уми сентябр дар сӯҳбати кутоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ тамоми ин ҳарфҳоро беасос донист, вале гуфт, “вақт надорад ин масъаларо шарҳ” диҳад.

300 ҳазор сомонӣ барои як шикор

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 8 ҷамъияти шикорӣ фаъолият мекунад, ки аксаран аз ҷониби сокинони ноҳия таъсис ёфтаанд. Ин ҷамъиятҳо ба ҷалби шикорчиёни хориҷӣ ба шикори бузи морхӯр, хуки ёбоӣ ва дигар навъи паррандаҳо машғуланд.

Ҳамасола ҳукумати Тоҷикистон барои шикори 9 сар бузи морхӯр иҷозат медод, вале имсол онро ба 12 расонд. Бо афзоиши иҷозаи шикор, на танҳо “Сайди тагноб” бо “Шоҳин-М”, балки дигар ширкатҳои маҳаллӣ низ бо ҳам вориди баҳси додгоҳӣ шудаанд.

Аюб Муллоёров, раҳбари як ширкати маҳаллӣ, ки бо коргари собиқаш баҳси додгоҳӣ дорад, мегӯяд, “вақте дигарон диданд, ки аз ин роҳ фоида гирифтан мумкин аст, талош доранд, замин ба даст биёранд”. Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, саршумори бузи нодири морхӯр ба таври рекордӣ афзоиш ёфтааст.

Абдуқодир Маскаев
Абдуқодир Маскаев

Абдуқодир Маскаев, як масъули кумита рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси охирин ҳисоб саршумори ҷонвари нодир ба 3 ҳазор расидааст. То чанд соли пеш саршумори бузи морхур аз ҳазор зиёд набуд.

Баҳсҳои додгоҳӣ бар сари шикоргоҳро масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист рақобати тиҷоратӣ унвон мекунад.

“Баҳсҳои онҳо як рақобати тиҷоратӣ аст, ки ба ҳифзу нигоҳубини морхур ҳеҷ таъсир намерасонад. Баръакс, ҳар кадоми онҳо талош мекунанд, то хубтар ҷонварони нодирро ҳифз кунанд, то рақибонашон камбудиашонро пайдо накунанд” - гуфт Абдуқодир Маскаев.

Бузи морхӯр, ки дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз сукунат дорад, нисбат ба ҷонварҳои шикории дигар дар Тоҷикистон гаронтар аст. Муҷаввизи шикори морхӯр 300 ҳазор сомонӣ (30 ҳазор доллар) аст. 241 ҳазор сомонӣ аз он ба буҷаи давлат ва 60 ҳазор сомонӣ ба ҷайби ширкатҳо ворид мешавад.

Шарҳҳоро бинед (29)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG