Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бадахшон шикори "пармашох"-ро иҷоза доданд


Дар мавсими шикори тирамоҳии имсола дар қатори бараи Марко Поло, барои нахустин бор бузи пармашоҳ ва ё морхӯр ҳам шикор мешавад.

Бино ба иттилои сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти Бадахшон Марод Мирасанов, ҳукумати кишвар барои шикори шаш сар морхӯр иҷозатнома додааст ва ин муҷаввизҳо интизори шикорчиён ҳастанд.

Ба қавли сардори раёсат, афзоиши саршумори ин навъи ҳайвони нодири муштамили «Китоби сурх»-и байналмиллалӣ боис шудааст, ки шикор ба он низ иҷозат дода шавад. Оқои Мирасанов баён дошт: "Шикорро барои он иҷозат доданд, ки сол то сол саршуморашон зиёд шуда истодааст. Кумитаи ҳифзи муҳтити зист дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба хулосае омаданд, ки барои шикорашон иҷозат диҳанд ва маблағи воридшударо барои корҳои биотенникӣ масраф намоянд, то саршуморашон боз ҳам бештар шавад.»

Нархи шикори як сар морхӯр 137 000 сомонӣ муайян шудаст. Ба андешаи оқои Мирасанов, аз ҳад зиёд баланд рафтани нархи шикори бузи пармашоҳ шояд яке аз сабабҳое бошад, ки хоҳишмандони зиёди шикори ин навъи ҳайвони нодир ҳанӯз аз дарёфти муҷаввиз худдорӣ меварзанд. Вай гуфт: "Нархи ин ҳайвони нодир дар қарори ҳукумат 131 ҳазор муайян шуда буд, бо назардошти таваррум ҳисоб кардем, ки 137 ҳазор мешавад, вале аз куҷо кумита ин нархро мондаст, маълум нест."

Аз тарафи дигар ба гуфтаи манбаъ барои шикори морхӯр иҷозат дода шудаст, вале ҳанӯз тартиби содироти шоху пӯсти он пурра муайян нагардидааст ва ин ҳолат монеъи ҷалби шикорчиёни хориҷӣ ба шикори ин навъ ҳайвони нодир гардидааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар талу теппаҳои ноҳияи Дарвози ВМКБ наздик ба 200 сар ин ҳайвони нодир ва саршумори аз ин бештари он дар маҳалли Шӯрободи Хатлон ба қайд гирифта шуданд ва шикорчиён интихоб хоҳанд кард, ки ин шаш сарро дар куҷое аз маҳалҳо шикор кунанд.

Мутахассисон изҳор медоранд, ки бо вуҷуди ин, саршумори морхӯр дар Тоҷикистону Афғонистон ва қаторкӯҳои Покистони наздик ба марзи мо хеле кам монда, нархи шикори он бамаротиб аз Марко Поло баландтар аст.

Дар мавсими шикори имсола ҳамчунин барои шикори 80 сар Марко Поло муҷаввизҳо интизори шикорчиёнанд. Соли гузашта шикори Марко Поло ба ҷумҳурӣ дувуним миллион сомонӣ фоида овардааст.
XS
SM
MD
LG