Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болтон: ИМА намегузорад, ки ИА таҳримҳои зидди Эронро канор занад


Ҷон Болтон
Ҷон Болтон

Мушовири президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон гуфт, ИМА намегузорад, ки Иттиҳоди Аврупо ё каси дигар таҳримҳои зидди Эронро сарфи назар кунад. Дар ин бора Reuters рӯзи 26-уми сентябр хабар дод.

Болтон дар конфронси бахшида ба Эрон, ки дар чаҳорчӯби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор шуд, гуфт, ИМА дар робита ба таҳримҳои зидди Эрон мавқеи "шикастнопазир" дорад. Вай аз сохтори бонкии пардохтҳо - SWIFT даъват намуд, ки ҳамкориашро бо Теҳрон бозбинӣ кунад.

Рӯзи гузашта Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки барои муомилоти пулӣ бо Эрон ва канор задани таҳримҳои ИМА, як ниҳоди молӣ таъсис медиҳад. Намояндагони Британия, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин дар як изҳороти вежа тасдиқ карданд, ки Теҳрон тааҳудашро дар баробари "созиши ҳастаӣ"-и соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ иҷро мекунад. Ин созиш лағви таҳримҳои зидди Эрон бар ивази даст кашидани Теҳрон аз барномаҳои ҳастаиро дар назар дорад.

Моҳи май Вашингтон ба таври якҷониба аз "созши ҳастаӣ" бо Эрон хориҷ шуд, таҳримҳои зидди ин кишварро дубора эҳё кард ва аз шариконаш талаб намуд, ки аз харидани нафти Эрон даст кашанд.

XS
SM
MD
LG