Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи ахир Рӯҳонӣ аз як кишвари Халиҷи Форс гумонбар шуд


Ҳасан Рӯҳонӣ

Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ҷудоиталабони арабро масъули ҳамлаи пурқурбонии ахир дар Аҳвоз номид ва бидуни бурдани ном як кишвари Халиҷи Форсро ба пуштибонӣ аз ин ҳамла муттаҳам кард.

Шарҳи Рӯҳонӣ дар ҳоле пахш шуд, ки Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ба ҳамлагарон “интиқоми марговар ва фаромӯшнашаванда”-ро ваъда дод.

Теҳрон, ҳамчунин, сафири Денмарк, Нидерландия ва Британияро барои пазироии намояндагони гурӯҳи гумонбар дар ҳамкорӣ бо Созмони Муқовимати Миллии Аҳвоз - ҷудоиталабони араб, ки масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст, даъват кард.

Масъулияти ҳамлаи рӯзи 23-юми сентябр ба паради низомӣ дар Эронро ҳамчунин гурӯҳи теророристии "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт.

"Барои мо комилан рӯшан аст, ки ин корро кӣ анҷом дод, кадом гурӯҳ ва ин гурӯҳ бо кӣ робита дорад", - гуфт Рӯҳонӣ рӯзи 24-уми сентябр дар телевизион, қабл аз сафараш ба нишасти Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк.

Созмони Милали Муттаҳид ва Амрико ин ҳамлаи пурқурбонии солҳои ахирро дар Эрон маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG