Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ду минтақаи Русия губернатор интихоб мекунанд


Дар ду минтақаи Русия рӯзи 23-уми сентябр даври дуввуми интихоботи губернаторҳо баргузор мешавад. Дар минтақаи Хабаровск бо Вячеслав Шпорт, намояндаи ҳизби ҳокими Русияи Воҳид, довталаб аз Ҳизби Либерал Демократ Сергей Фургал рақобат мекунад.

Дар вилояти Владимир Владимир Сипягин аз ҳизби мазкур бо губернатори феълии вилоят Светлана Орлова мубориза мебаранд. Даври аввали интихобот рӯзи 9-уми сентябр сурат гирифт.

Дар умум дар чаҳор ҳавзаи интихоботии Русия номзадҳои ҳизби ҳокими Русияи Воҳид натавонистанд пирӯзӣ ба даст биёранд ва инро нишондиҳандаи нокомии давлат дар ҷалби ҳимоят аз номзадҳои худ мешуморанд.

XS
SM
MD
LG